Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Таҷовуз ба номус рӯ ба афзоиш аст чаро?

Давоми моҳҳои январ-июли соли равон мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон 27 ҳодисаи таҷовуз ба номус ва суиқасд ба ин амалро ба қайд гирифтанд, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти ҶТ.

Сабти чунин ҷиноятҳо дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта қариб ба андозаи 30% зиёд шуд.
Моҳи июли соли ҷорӣ 5 ҳолати таҷовуз ба номус ва суиқасд ба он ба қайд гирифта шудааст.

Дар соли 2020, ки пандемия ҳукмфармо буд, сабти ҷиноятҳои марбут ба таҷовуз ба номус ва суиқасд ба он қариб 30% коҳиш ёфт: ба ҳисоби миёна аз 3,8 ҳолат дар соли 2019 ба мисли соли равон то ба 2,8 ҳолат дар як моҳ.
Камшавии чунин ҳодисаҳо шояд ба кунҷнишиниро ихтиёр намудани одамон ҳангоми мавҷи аввали пандемия вобаста бошад.

Тӯли 7 моҳи соли 2021 дар маҷмӯъ зиёда аз 15,3 ҳазор ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки ҳар кадоме аз панҷуми он ҷинояти вазнин мебошад.
Шумори ҷиноятҳои вобаста ба одамкушӣ ва суиқасд ба куштор (ба андозаи 31%) ва маводи мухаддир (28%) нисбатан зиёдтар шудааст.
Дар ин давра ҳудуди 2,2 ҳазор ҷиноятҳои иқтисодӣ (порагирӣ ва саркашии шахсони воқеӣ аз пардохти андоз) ба қайд гирифта шудааст.

Сабти чунин ҷиноятҳо дар муқоиса бо моҳҳои январ-июли соли 2020 ба андозаи 10% зиёд шудааст.
Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи июл сокини шаҳраки Навободи ноҳияи Рӯдакӣ Руфейда Иноятоваи 7-сола мавриди таҷовуз қарор гирифта, кушта шуд. Ин духтари хурдсол 3 июл бедарак шуд.

Рӯи дигар ҷасади пурзахму пора-порашудаи ӯро дарёфтанд. Баъди боздошт шудани гумонбар, ки аз он Раҳматулло Гадоев, ҳамсояи онҳо ном бурда мешавад, зикр шуд, ки ӯ бо роҳи фиреб ноболиғро ба хона дароварда, таҷовуз карда, сипас духтаракро пора-пора намуда, узвҳои баданашро дар халтачаҳо алоҳида-алоҳида гирифта, ба ҳоҷатхона мепартояд.

Нисбати ин ҳодиса дар ҷомеа сарусадоҳои зиёд баланд шуд: намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон дархост намуданд, ки ҷазо нисбати чунин шахсони ҷинояткор сангинтар карда шавад.

Чанде пеш прокуратураи вилояти Хатлон нисбати гумонбар ба таҷовуз ба номуси ноболиғи 9-сола дар ноҳияи Хуросон парвандаи ҷиноятӣ боз намуд:
16 август сокини 45-солаи ҷамоати Ҳилолии ҳамин ноҳия ба номуси духтари 9-солаи маҳаллӣ дастдарозӣ намуда, сипас барои пинҳон кардани изу аломатҳои ҷиноят кӯдакро буғӣ карда кушт.
Ва ин танҳо ҳодисаҳоест, ки сарусадо ва вокунишҳо зиёди ҷомеаро ба бор оварда буданд…

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.