Таҷовузкор ва қотили Руфейда ҳукми абад гирифт

Додгоҳи Олии Тоҷикистон Раҳматулло Гадоеви 31-соларо ба ду моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон — 138, таҷовуз ба номуси духтари ба синни 14 нарасида ва 104 — куштор гунаҳкор дониста, бо ҳукми абад ба зиндон равон кард.

Гадоев чанде пеш бо гумони даст доштан дар куштори Руфейда Иноятоваи 8-сола боздошт шуда буд.

Ҳодисаи куштори даҳшатбори духтари 8-сола дар ноҳияи Рӯдакӣ аввали моҳи июл рух дода буд. Руфейда Иноятова ҳамагӣ як ҳафта пеш аз зодрӯзаш, 4 июл аз назди хонаашон нопадид шуд ва рӯзи дигар ҷасади порашудаи ӯро аз мабрази ҳамсоя пайдо карданд. Дар ин росто гумонбари асосӣ Раҳматулло Гадоеви 31-сола ҳамсоя ва падари дугонаҳои духтарак баъди як рӯзи ҳодиса боздошт ва ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.