Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Таҷрибаи табибони Ӯзбекистон дар Тоҷикистон истифода мешавад

Гуфтугӯи телефонии вазири навтаъини тандустии кишвар Ҷмолиддин  Абдуллозода бо ҳамтои ӯзбекаш Алишер Шадмонов сурат гирифт.

Вазири тозатаъини тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода бо Вазири тандурустии Ӯзбекистон Алишер Шадманов суҳбати телефонӣ доштанд. Тибқи иттилои маркази матуботи вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, дар оғози суҳбат Ҷамолиддин Абдуллозода аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои фиристодани мутахассисони соҳаи тандурустӣ ва кумакҳои башардӯстона бо мақсади пешгирӣ ва табобати гирифторони бемории намуди нави коронавирус COVID-19 изҳори миннатдорӣ баён намуд.

“Зимни суҳбат таҷрибаи табибони Ӯзбекистон ҷиҳати табобати беморони гирифтори  COVID-19 мавриди баррасӣ қарор гирифт. Зикр гардид, ки ҳадаф аз фиристодани табибони баландихтисоси ӯзбекистонӣ ба Тоҷикистон мусоидат намудан ба ҳамтоёни тоҷик ҷиҳати табобати гирифторони COVID-19 мебошад”,-гуфт манбаъ.

Ҳоло  8 нафар мутахассисони соҳаи тандурустии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон қарор доранд. Онҳо ба сифати вирусолог барои ташхису табобати COVID-19 ба Тоҷикистон омадаанд.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.