Тағироти кадрӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ

Дар чанде аз воҳидҳои сохтории Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон таъиноти кадрӣ ба амал оварда шуданд.

Мутобиқи моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзомуродзода Рустам Тағоймурод — сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Боймаҳмадзода Музаффар Қурбон — сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон ва Умарзода Икром Ислом — сардори Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд.

Икром Умарзода то ин замон муовини вазири корҳои дохилӣ буд. Инчунин, Нозим Иброҳимзода, ки дар вазифаи сардори Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД фаъолият дошт, барканор шуда, ба ҷойи Икром Умарзода, яъне муовини вазири корҳои дохилӣ таъин гардидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *