Таъқиби 6 шаҳрванди Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти Қирғизистон

Дар натиҷаи даргириҳо байни сокинони наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон 6 шарванди Тоҷикистон таҳти таъқиби мақомоти Қирғизистон қарор гирифтаанд. Дар ин бора хабар медиҳад сомонаи “Авеста”

Тавре манбаъ хабар медиҳад, Мирлан Каниметов, муовини вазири ҷумҳурии Қирғизистон дар як ҷаласаи Парлумонии ин кишвар дар ин бора сухан гуфта, аз рафтори сокинони наздисарҳадии Тоҷикистон интиқод кардааст: «Шаҳрвандони Тоҷикистон, дар марзи муштарак сабабгори эҷоди даргирӣ бо шаҳрвандони Қирғизистон ҳастанд».

Вай афзуд: «Ин афрод сокинони рустоҳои марзӣ ҳастанд ва мо феҳристе аз ононро таҳия ва ин масъаларо ба намояндагони ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон гузориш кардаем».

Ба гуфтаи муовини вазири ҷумҳурии Қирғизистон, мақомотҳои амнияти Тоҷикистону Қирғизистон даргириҳои охирини сарҳадиро баррасӣ намуда, ба мувофиқа расидаанд.

Бояд гуфт, ки пас аз ҳодисаҳои ахир дар марзи ду кишвари ҳамсоя Тоҷикистон ва Қирғизистон, идораи пулиси Ботканд дар ҷануби Қирғизистон, чор шаҳрванди қирғизро ба гумони таҳрики даргирӣ боздошт кард ва боздошти ин афрод эътирозҳои ҷидди ҷомеаи Қирғизистонро ба бор овар.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *