Тақсими нони бепул дар мағозаи “Амид”

Мағозаи “Амид” дар шаҳри Хуҷанд иқдом гирифтааст, ки ба шахсони ниёзманд нони пепул тақсим намояд. Ин иқдомро молики мағоза дар робита ба моҳи шарифи Рамазон ва боло рафтани нархи озуқа гирифтааст.

Баъди пайдо шудани расми растаи нонфурӯшии мағозаи “Амид”, дар саҳифаи “Фейсбук”, ки дар болои гӯша навиштаҷоти “Нони бепул ба ниёзмандон” дарҷ гардидааст, боиси дастгирии зиёди истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ шуд.

Гуфта мешавад, ки иқдоми бе пул пешниҳоди нон ба ниёзмандон бори аввал маҳз дар мағозаи “Амид” роҳандозӣ шудааст. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ пешниҳод намудаанд, ки кошки дар Душанбе низ чунин ташаббус роҳандозӣ шавад. Зеро дар пойтахт соҳибкорон ва моликони муваффақи мағозаҳои боҳашамат зиёданд. “Чаро онҳо ба Хуҷанд пайравӣ намекунанд?”-чунин суол мегузоранд корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *