Тақвими рӯз: Аз 84-солагии Хуҷанд то 85-солагии Турсунзода

Хуҷанд яке аз шаҳрҳои қадимтарин дар Осиёи Миёна мебошад, ки ҳамчун маркази тиҷорат машҳур ва аз инҷо «Роҳи бузурги абрешим» мегузашт, ки Осиё ва Аврупоро пайваст мекард. Таърихшиносони қадим Хуҷандро «Тирози ҷаҳон» ё «Арӯси даҳр» номида аз мардуми бофарҳанги он ёдовар шудаанд.

Хуҷанд ҳамчун шаҳри таърихан куҳани Осиёи Марказӣ, аз рўи тадқиқоти олимони бостоншинос, таърихшиносону меъморон чанд давраи бобаракаташро аз сар гузаронидааст. Давраи якуми сохтмони шаҳр (асрҳои VI-IV то милод) Хуҷанди архаикӣ (қадим) ба ҳисоб меравад, ки мансуб ба замони ҳукмронии сулолаи Ҳахоманишиҳост. баъдтар, Хуҷанд дар ҳайъати империяи Искандари Мақдунӣ васеъ мешавад ва инкишоф меёбад. Баъди Хуҷандро забт намудани Искандар (асри IV то милод) қалъаи шаҳр мустаҳкам карда мешавад.

Дар қатори сокинони таҳҷоӣ ҳамшаҳриёни аввалини мо (ҷамоаҳои суғдиву фарғонагиҳову сакоиҳо) дар қисми нави шаҳр кироягони эллинӣ, афсарони македонии барои юришҳои ояндаи Искандар корношоям, асирони ҳарбӣ низ зиндагӣ мекарданд. Ба шарафи забткориаш ба шаҳр номи ҷаҳонгири антиқӣ Искандар дода шуд, ки он шаҳри охирини номи худашро гузошта — Искандарияи Канорӣ ба ҳисоб меравад. Аз рўи маълумоти мавҷуда, дарозии девори шаҳри замони Искандар 60 стадии юнонӣ буд, ки ба 6000 қадам баробар аст. Ин давраи дуввуми антиқии сохтори шаҳри мост.

Турсунзода яке аз марказҳои саноати истеҳсолии Тоҷикистон буда дар 65 км ғарби шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст. Дар Турсунзода намояндагони миллатҳои гуногун умр ба сар мебаранд. Шаҳри Турсунзода диёри кӯҳҳои баланди пурбарф ва водиҳои гул-гул шукуфон мебошад.
Номи аввали ин шаҳри зебоманзар «Регар» Буда дар соли 1978 ба шаҳри Турсунзода мубадал шуд. Таърихи номи Регар: дар гузашта шаҳри мо «Хисори поён» ном дошт, ки соли 1848 амири Бухорои Насруллохон торумор кард. Баъд аз ин танҳо «Рехтагар» — ном маҳалла безарар боқи монд. Баъд аз он калимаи « Рехтагар» → «Рехтгар» → «Рехгар» ва ниҳоят номи «Регар» ро гирифт. Ҳамин тавр дар миёнаи аcри XIX Регар, ба вуҷуд омад. Соли 1978 шаҳри Регар барои некдошти шоири забардасти Тоҷикистон Мирзо Турсунзода, шаҳри Турсунзода номида шуд.

Ҳамчунин, дар ин рӯз арбобони давлативу сиёсӣ ва шахсиятҳои маъруфи кишвар мавлуд доранд. Аз ҷумла:

— 85-солагии таъсиси (1935), ноҳияи Турсунзода 84-солагии ташкили Хуҷанд ва Қумсангир (Ҷайҳун) (1936)

— Ҳамчунин, дар ин рӯз арбобони давлативу сиёсӣ ва шахсиятҳои маъруфи кишвар ба дунё омадаанд. Аз ҷумла:

— 60-солагии зодрӯзи Алимурод Абдураҳимов (1960), олими соҳаи математика.

— 50-солагии зодрӯзи Абдунаим Бердишукуров (1970), файласуф.

— 95-солагии зодрӯзи Булбули Валӣ (1925), шоир.
— 80-солагии зодрӯзи Мирабдулло Насриддинов (1940), олими соҳаи физика, профессор.

— 110-солагии зодрӯзи Абдулҳақ Усмонов (1910-1942), актёри театр, драматург.

— 75-солагии зодрӯзи Вера Эстрина (1945), доктори илми филологӣ, профессор.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *