Тақвими рӯз: Аз Рӯзи ҳифзи замин то Рӯзи миллии духтурон

30 марти соли 2016 дар маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Ҳукумати мамлакат лоиҳаҳои Қарор «Дар бораи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияҳои Рӯшон ва Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои солҳои 2016-2020» –ро баррасӣ намуданд.

30 марти соли 2010 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи байниҳукуматии Тоҷикистону Германия баргузор гардид, ки дар он масъалаи муҳоҷират баррасӣ карда шуд.

30 марти соли 2015 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дар шаҳри Ню-Йорки ИМА масъалаи Конфронси Душанбегии сатҳи баланд муҳокима карда шуд.

Дар Фаластин – Рӯзи ҳифзи замин.

Дар ИМА – Рӯзи миллии духтурон.

30 марти соли 1960 бо Қарори Шӯрои Вазирони Тоҷикистону Шӯравӣ Палатаи савдои Тоҷикистони Шӯравӣ таъсис дода шуд.

30 марти соли 2013 сомонаи расмии диаспораи тоҷик www.tjdiaspora.com.ua, ки муқими Украина мебошад, бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мамлакат фаъол карда шуд.

30 марти соли 2016 дар шаҳри Душанбе форуми доираи соҳибкорони Тоҷикистон ва Корея баргузор гардид.

30 марти соли 1870  тағйироти 15-ум ба Конститутсияи ИМА, ки ба шаҳрвандони сиёҳпӯст ҳуқуқи овоздиҳӣ дод, ба ҳукми амал даромад.

30 марти соли 1992 миёни Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Сингапур муносиботи дипломатӣ барқарор карда шуданд.

30 марти соли 2004 дар Афғонистон Иттифоқи ҷумҳуриявии маъюбони ҷанг ташкил карда шуд.

30 марти соли 1987 дар музоядаи Лондон тасвири Ван Гога «Подсолнухи» бо арзиши 50 млн. доллар фурӯхта шуд.

30 марти соли 1946 аввалин маротиба маросими ҷоизасупории «Оскар» тариқи радио мустақиман пахш карда шуд.

Бояд гуфт, ки дар ин рӯз арбобони давлативу сиёсӣ ва шахсиятҳои маъруфи кишвар мавлуд доранд. Аз ҷумла:

–60-солагии зодрӯзи Абдурозиқ Бобоӣонов (1960), олими соҳаи кишоварзӣ.

–110-солагии зодрӯзи Суяр Иброҳимов (1910-2001), арбоби фарҳангӣ, Китобдори шоистаи Тоӣикистон.

–75-солагии зодрӯзи Наримов Каримов (1945-2007), арбоби фарҳангӣ, Ходими шоистаи ҳунари Тоӣикистон.

–50-солагии зодрӯзи Давлаталӣ Саидов (1970), арбоби давлатӣ.

–75-солагии зодрӯзи Нарзулло Тиллозода (1945), нависанда.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *