Тақвими рӯз: Аз Рӯзи хотираи қаҳрамонон то таъсиси Иттифоқи «Тоҷикматлубот»

29 марти соли 2010 Фармони  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   Дар бораи даъват намудани иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати чорум ба имзо расид.

29 марти соли 2011 Барномаи миллии пешгирӣ, ташхис ва табобати беморони гирифтори нуқсонҳои модарзодӣ ва тарбоди дил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015 тасдиқ карда шуд.

Дар Мадагаскар – Рӯзи хотираи қаҳрамонон.

Рӯзи мутахассисони хадамоти ҳуқуқии Қувваҳои Мусаллаҳи Россия.

29 марти соли 1929 таъсис дода шуд.

29 марти соли 1936 Иттифоқи меъморони Тоҷикистон созмон дода шуд.

29 марти соли 2010 дар Тоҷикистон Бонки хурди молиявии «Accessbank Tajikistan» таъсис ёфт.

29 марти соли 2010 Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳифзи атмосфера»-ро баррасӣ намуд.

29 марти соли 2011 дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон маросими ба истифода додани  навбати 1-уми Лоиҳаи беҳгардонии обтаъминкунӣ баргузор гардид.

29 марти соли 1943 дар ИМА барои фурӯши гӯшт, равған ва сир меъёр муқаррар карда шуд.

29 марти соли 1961 аввалин маротиба сокинони Вашингтон  (ИМА) ҳуқуқи овоздиҳӣ ба даст оварданд

29 марти соли 2002 хатсайри ҳавойии Душанбе-Кобул-Душанбе ба роҳ монда шуд.

Бояд гуфт, ки дар ин рӯз арбобони давлативу сиёсӣ ва шахсиятҳои маъруфи кишвар мавлуд доранд. Аз ҷумла:

–95-солагии зодрӯзи Александр Шитов (1925-2006), арбоби ҳизбӣ (1979-1984 котиби дуюми КМ ПК Тоӣикистон).

–70-солагии зодрӯзи Мавлудахон Эргашева (1950), олимаи соҳаи математика.

Наимҷон Азимов кист?

Мутриб ва оҳангсоз. Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Азимов Наимҷон 29-уми марти соли 1910 дар ш. Самарқанд дида ба олам кушодааст. Соли 1929 Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Самарқандро ба поин оварда, ба пойтахти Тоӣикистон омад ва дар таъсиси театри касбии  тоҷик- Театри давлатии  академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ ҳисса гузошт. Ба спектакли нахустини он «Ҳалима»-и  К. Яшин мусиқӣ эҷод кард. Солҳои 1931-1932 дар Омӯзишгоҳи мусиқии Хуҷанд дарс дода, дар бунёди Театри  драмаи мусиқии ш. Конибодом (1932-1934) хидмати  бедареғ намуд. Аз соли 1934 то 1947 роҳбарии мусиқии Театри  мусиқӣ – мазҳакаи ш. Хуӣандро ба зимма дошт, 1947-1951 директори Театри мусиқии н. Нов, 1951-1953 дирижёри Театри мусиқӣ — мазҳакаи ш. Хуӣанд. 1953-1956 директори Хонаи маданияти шаҳри Хуӣанд буд. Ба қариб чил  спектакли театрҳо мусиқӣ навиштааст. Оҳангҳои дилпизире чун «Муборак бод», «Соли нав», «Сабзиши нав», «Тӯҳфа» ва ғайра эҷод кардааст.  Бо ордени «Нишони Фахрӣ» ва Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии Тоӣикистон қадр гардидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *