Тақвими рӯз: Аз таъсиси рӯзномаи “Ведомости” то имзои созишномаи CASA-1000

CASA-1000 — аввалин тарҳи муштараки байниминтақавии Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ буда, пайвасти шабакаҳои барқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистонро дар бар мегирад.

Ин тарҳ норасоии неруи барқро коҳиш дода, дар ташаккули бозори энергетикӣ, ба роҳ мондани ҳамкориҳои тиҷоратии кишварҳои шарик, таъсиси ҷойҳои нави корӣ бо дарназардошти як қатор манфиатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ ҳиссагузор хоҳад буд. Асосноккунии техникӣ-иқтисодии лоиҳа соли 2009 анҷом дода шуда, соли 2011 аз нуқтаи назари тиҷоратӣ тасдиқ гардидааст.

Ин тарҳ барои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бобати содироти нерӯи барқи изофагӣ дар фасли тобистон ва ба даст овардани даромади воқеӣ имконияти мусоид фароҳам оварда, барои қонеъ намудани талаботи аҳолӣ ва иқтисодиёти Афғонистон ва Покистон бо нерӯи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза хизмат хоҳад кард.

Бояд ёдовар шуд, ки дар имрӯзи соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зери қарори Ҳукумат дар бораи иваз кардани номҳои шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ имзо кард. Аз ҷумла, Қӯрғонтеппаро ба Бохтар, Сарбандро ба Леваканд, Бохтарро ба Кушониён иваз шуд. 75-солагии ба кор даромадани фабрикаи тамокӯи шаҳри Душанбе(1945).

— 81-солагии таъсиси рӯзномаи “Ведомости” (1939).

— 12-солагии ба кор оғоз кардани агрегати аввали Сангтӯда-1 (2008)

— 10-солагии имзои Созишнома дар бораи таҳияи лоиҳаи хатти интиқоли барқи CASA-1000 (2010)

— Ҳамчунин, дар ин рӯз арбобони давлативу сиёсӣ ва шахсиятҳои маъруфи кишвар ба дунё омадаанд. Аз ҷумла:60-солагии зодрӯзи Воҷиди Аштӣ (1960), шоир.

— 80-солагии зодрӯзи Ҷамол Камолиддинов (1940), олими соҳаи математика.

— 80-солагии зодрӯзи Саидҷаъфар Қодирӣ (1940), олими соҳаи физика.

— 100-солагии зодрӯзи Николай Леонов (1920-2007), рассом, кинооператор.

— 70-солагии зодрӯзи Раҳматшо Маҳмадшоев (1950), доктори илми таърих.

— 105-солагии зодрӯзи Фазл Набӣ (1915-2009), шоир.

— 70-солагии зодрӯзи Бахтиёр Расулов (1950), доктори илми биологӣ.

— 80-солагии зодрӯзи Раҳим Саидов (1940-2010), доктори илми филологӣ, профессор.

— 75-солагии зодрӯзи Абдурашид Самадов (1945), адабиётшинос.

— 70-солагии зодрӯзи Облобердӣ Шодиев (1950), журналист.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *