Тақвими рӯз: Аз забони модарӣ то хизмати роҳбаладон

Имрӯз Рӯзи байнулмилалии забони модарӣ аст, ки аз ҷониби Конфронси генералии ЮНЕСКО 17 ноябри соли 1999 бо мақсади мусоидат ба фарҳанги гуногуншаклӣ ва бисёрзабонӣ  таъсис дода шуд.

172 сол пеш дар ин рӯз  Карл Маркс ва Фридрих Энгелс «Манифести ҳизби коммунист» —  аввалин ҳуҷҷати барномавии коммунизми илмиро нашр карданд, ки нахустин барномаи ташкилоти байнулмилалии коммунистӣ шуд.

Ва ҳамчунин 21 феврал дар ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии роҳбалад шинохта шудааст.

Бояд гуфт, ки дар ин рӯз арбобони давлативу сиёсӣ ва шахсиятҳои маъруфи кишвар мавлуд доранд. Аз ҷумла:

Аҳмади Учқурғонӣ (1914-1988)- шоир (Қирғизистон).

Оғоназар Ақназаров (1940)- доктори илми биологӣ, академики АИ.

Тоҷикистон, Арбоби илм ва техникаи ҷумҳурӣ.

Валентина Елфимова (1926)- доктори илми тиб.

Истад Мамадҷонова (1953)- сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Муҳаммадҷон Мирзошоев (1948)- нависанда, Журналисти шоистаи Тоҷикистон.

Акмал Миршакар (1961)- рассом, Арбоби ҳунари Тоҷикистон.

Сайвалӣ Мўсоев (1940)- мутриб, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Зўрабек Ноёбшои (1957)- публисист.

Иброҳим Раҳматов (1921-1981)- мутарҷим.

Бахтиёр Умаров (1941)- доктори илмҳои физикаю математика.

Назаралӣ Холов (1948)- сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Алексей Чекалин (1938)- олими соҳаи техника, профессор.

Виктор Чечётка (1925)- рассом, Арбоби ҳунари Тоҷикистон.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *