Тақвими рӯз: «Барои он, ки ба ҷаннат дароӣ, бояд бимирӣ»

Дар ҳамин рӯзи соли 2007 филми коргардони тоҷик Ҷамшед Усмонов «Барои он, ки ба ҷаннат дароӣ, бояд бимирӣ» дар озмуни «Берун аз сарҳади Аврупо»  Гран-при ба даст овард.

5 марти соли 2012 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти тозаинтихоби Федератсияи Россия Владимир Путин гуфтугӯи телефонӣ анҷом дода, ӯро бо пирӯзии эътимодбахш дар интихоботи Президенти Федератсияи Россия, ки 4 марти соли 2012 баргузор гардид, сидқан ва самимона табрику таҳният гуфтанд.

Соли 2012 дар шаҳри Душанбе масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории барои ҳарду ҷониб судманди Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ шуд.

Соли 2012 дар шаҳри Душанбе чаласаи якуми комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Озарбойҷон оид ба ҳамкории иқтисодӣ- тиҷоратӣ баргузор гардид.
Соли 2013 дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ҷаласаи 11-уми Комиссия оид ба фаъолияти мусофирбарии Шӯрои нақлиёти роҳи оҳани давлатҳои узви ИДМ баргузор гардид.

Соли 2013 дар шаҳри Душанбе бо мақсади рушди муносибот миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федералии Швейтсария чаласаи аввалини комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ- иқтисодӣ баргузор гардид.

Соли 2015 фармони Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи даъват намудани иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» нашр шуд.

Соли 2018 дар Тоҷикистон Шӯрои ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ таъсис дода шуд.

Ҳамчунин дар ин рӯз як қатор шахсиятҳо зодрӯз доранд. аз ҷумла:

Соли 1913 — шоири ӯзбекзабони Тоҷикистон Аширмат Назаров.

Соли 1921 — коргардон ва наворбардори кино Муҳаммадқул Арабо.

Соли 1927 -олими таърихшинос, академик Нумон Негматов.

Соли 1930 — олими филлогия Ғаффор Ашӯров.

Соли 1930 — доктори илмҳои филология, профессор Раҳим Маҷидов.

Соли 1940 — доктори илмҳои таърих Карим Қодиров.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *