Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Таҳдиди корбарони Одноклассники ба духтари 16-солаи репсарои ховалингӣ

Паҳн шудани навори рэпсароии як духтари 16-солаи тоҷик дар шабакаи иҷтимоии Одноклассики хашми корбарони онро барангехт ва  бархе аз корбарон ӯро барои хондани рэп таҳдид кардаанд.

Духтарак ба таври шухиомез дар назди дугонаҳояш рэп мерасояд ва роҳ ёфтани ин навор ба интернет боиси он мешавалд, ки корбарони шабакаи иҷтимоӣ аз дидани  навор ба хашм омада, ҳатто ба ҷони сарояндаи он таҳдид кунанд.

Ин навор аз 53 сонияро дарбарм мегирад. То ҳол онро 300 ҳазор корбар дида ва 31 ҳазор корбар писандидааст. Ҳамчунин 11 ҳазор корбар зери он шарҳ навиштаанд. Бархе аз афроде, ки дар зери ин навор шарҳ навиштаанд, гуфтаанд, ки “репсароӣ ба шаъни духтари тоҷик намезебад”.

Расонаҳо ин духтари рэпсарои тоҷикро пайдо кардаанд. Ин духтар дар синфи 9-уми  яке аз мактабҳои ноҳияи куҳистони Хованлинг тасил мекунад. Номи ин духтар Ҳангома мебошад. Ӯ ба расонаҳо гуфтааст, барои шӯхӣ бо дугонаҳояш репи ошиқонаи “Шон МС”–ро хонда, вале намедонад, ки ин навор чи гуна, ба инернет роҳ ёфтааст:“Ман ягон кори баде накардам. Рэп хондаму тамом. Ман қариб 20 рэпи Шон-МС-ро аз ёд медонам ва дар ин ҷо як порчаи онро хондам. Ман рэп хондам аз ин корам пушаймон нестам, вале агар ба Интернет намепартофтанд, беҳтар буд”– гуфт Ҳангома.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.