Таҳқир ва лату  кӯби журналист дар ноҳияи Сино

 Хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон мавриди латукӯби кормандони милиса дар маҳаллаи “Гипрозем”-и пойтахт қарор гирифтааст.

Доро Суҳробӣ, хабарнигори МТЖ мегӯяд,  ки  бо супориши редаксия дирӯз, 18-уми сентябр мехостааст аз рафти корҳои роҳсозӣ ва ҳолати савдои кӯчагӣ дар ин маҳалла барои шумораи навбатии ҳафтаномаи «Фараж» «фоторепортаж» омода намояд.

-Тақрибан соати 16-16:20 дар назди бозори «Гипрозем» мехостам аз рафти корҳои роҳсозӣ дар самти шаҳраки «Гипрозем» ва ҳолати савдои кӯчагӣ дар ин маҳал гузориш омода намоям. Дар ҳамин ҳол шоҳиди кашмокаши як нафар зани «газводафурӯш»-и тахминан 55-сола бо марде бо либоси мулкӣ шудам. Ин дар ҳоле буд, ки дар гирди онҳо мардуми зиёде ҷамъ омада буданд. Ин зан бо овози баланд мегуфт, ки «дирӯз ман 100 сомонӣ дода будам, ҳар рӯз пул аз куҷо аст, ки ба шумо диҳам. Шумо модар надоред, о, ҳама дар қади кӯча савдо доранд-ку? Чаро дигарҳоро намебинӣ, фақат ба ман часпидӣ»,- гуфта дод мезад он зан.

Ман хостам аз ҳолати кор воқиф шавам. Ба наздашон рафта гуфтам, ки бародар, чаро тартиботи ҷамъиятиро вайрон мекунед? Ин зан чӣ гуноҳ дорад? Суратгирак дар гарданам овезон буд. Он мард ба тарафи ман гашта гуфт, ки «ту қонундон боз аз куҷо пайдошудӣ, суратамонро мегирӣ?»,-гуфта суратгиракро аз дастам гирифт, «флешкаашро»аз дохилан берун карда шикаст ва ба як нафар либоси низомипӯш, ки ҳамроҳаш буд, фармон дод, «гир, ӯро ба «отдел» бар, «разбират» мекунем». Гӯё ҷинояткорро дастгир карда бошанд, дастонамро ба пуштам тоб дода, сарамро хам карда, кашон-кашон ба шуъба бурданд. Дар роҳ пойпӯшам ба сими қади роҳ банд шуда, канд ва аз поям берун шуд. Бо як пойпӯш ба шуъба бурдандам. Он зан, ки ман аз ӯ ҳимоя карда будам, то назди шуъба аз қафоям омад. Вале ӯро даромадан намонданд. Мешунидам,ки ӯ мегуфт, «ман аз болои шумо шикоят мекунам, шуморо ин хел намемонам!».

Маро ба шуъба дароварданд, он ҷо 6 нафар буд. Ман ҳуҷҷати хизматиамро ба онҳо нишон дода, гуфтам, ки ман журналистам ва бо супориши редаксия омадам. Ин монеъи латукӯби ман нашуд. Он нафар бо либоси мулкӣ маро чанд мушт кӯфт. Ба замин афтида, аз ҳуш рафтам. Ба ҳуш омадам, ки ба рӯям об пошида истодаанд. Касе маро халос намекард. Он нафар бо либоси мулкӣ худашро муаррифӣ накард. Ӯ бо оҳани дар дасташ буда маро мезад ва ман хар замон бо дасти ростам худамро ҳимоя мекардам. Мегуфт: «Шумо журналисто оппозитсияе, душмани миллате. Ту боз «будик» будай-ҳа?! Э кисаҳоша кове, дар кисааш «наша» дора! Ҳе, очата…»,-гуфта таҳқиру дашномҳои қабеҳам мекард. Ҳар замон бо асбобҳои дар болои мизаш буда, ба ман таҳдиди задан мекард. Ман бошам, дар пушти яке аз милисаҳо худамро паноҳ мекардам. Хулоса, баъди чанде ӯро ором карданд. Маро, ки аз тарс дигар дар поям мадор намонда буду сарам чарх мезад, аз утоқ берун карданд. Як нафар, ки ба қавли худаш «раҳмдил» буд, маро то сари роҳ овард. Пойпӯшамро дар «сапожник» дӯзонда дод. Баъд аз ин, ба ҷойи сардор (аз забони яке аз кормандони шуъба фаҳмидам, ки ӯ сардори милисаи Сино-1 будааст ) аз ман узр пурсида, барои харидории «флешкаи»нав 50 сомонӣ дод ва хоҳиш кард, ки ба ягон ҷой арзу шикоят накунам,-гуфт Доро Суҳробӣ, дар ҳоле, ки гиря гулӯгираш мекарду дар чашмонаш ашк ҳалқа мезад.

— Дар бораи латукӯб гардидан ва таҳқир шудани шаҳрвандон аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар расонаҳо хонда будам, вале боварам намеомад. Акнун, ки чунин воқеа бо худи ман рух дод, дигар ҳеҷ ҷойи бовар накардан намемонад. Бовар дорам, муҳтарам Раҳимзода Рамазон Ҳамро, Вазири корҳои дохилии кишвар, ки афсари касбии мақомоти интизомӣ ҳастанд, ба ин қазия таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд ва нахоҳад гузошт, ки чунин нафарони тасодуфӣ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолият дошта бошанд ва ба шаъни милисаи тоҷик доғ биёранд,- мегӯяд Доро Суҳробӣ.

Мақомот то ҳол дар ин бора изҳори назар накардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *