Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Таҷлили рӯзи саломатӣ дар кишвар

Имрӯз дар сартосари ҷумхурӣ  «Рузи саломати» баргузор гашт. Бо ин муносибат дар Пажухишгохи клиникии гастроэнтерологи таҳти унвони пешгирии ғамбеморӣ яъне депрессия мизи мудаввар бо иштироки намояндагони ВАО ва мутахассисони соҳаи тандурустӣ баргузор гашт.
Хуршед Кунғуротзода сардухтури беморхонаи касалиҳои рӯҳӣ ба саволҳои рӯзноманигорон посух гуфта, иброз дошт ки депрессия ҳолати ногувор барои инсон буда, дар чунин ҳолат будани шахс хеле ба хаёти ӯ таъсири манфӣ мерасонад. Яке аз сабабхои худкушӣ дар сатҳи кишвар гирифторӣ ба депрессия мебошад. Масалан, аз 939 нафаре, ки ба худкушӣ даст задаанд, 91 нафарашон бемории депрессия доштанд. Ба суоли он ки ба гуруҳи осебпазири ҷомеа киҳо дохил ҳастанд, номбурда чунин ҷавоб гуфт:

         

  Ба гурухи осебпазир занҳое, ки шавҳаронашон солҳои тӯлонӣ дар муҳоҷирати меҳнатӣ хастанд, муҳити оилавӣ, занҳое, ки шавҳаронашон зани дуюму сеюм мегиранд, занҳои ҳомила, ки аз тарафи пайвандони шавхараш зери фишор қарор доранд, вазъи пасти иқтисодӣ дохил мешаванд.
Ҳамчунин вобаста ба ин сана хизматрасонии ройгон, аз ҷумла, муоина, ташхис ва тақсими маводхои доругии ройгон ба аҳолӣ ба роҳ монда шуд.

 Маҳинаи Давлат

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.