Таҷлили рӯзи таъсиси воҳидҳои таъйиноти махсус

Дирӯз дар қароргоҳи Воҳидҳои таъйиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи таъсиси ин ниҳоди бонуфузи мақомоти корҳои дохилӣ бо иштироки роҳбарият ва ҳайати шахсии ВКД, ҷузъу томҳои таъйиноти махсус, собиқадорон ва меҳмонон бо тантана таҷлил карда шуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд.
Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода зимни табрики кормандони ин ниҳод гуфт: «Кормандони Воҳидҳои таъйиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ дар тӯли солҳои сипаригардида вазифаи худро содиқона ва софдилона ба ҷо оварда, дар лаҳзаҳои ҳасосу тақдирсоз аз душвортарин муқовимату санҷишҳо гузашта, ҷиҳати безарар гардонидани дастаҳои мусаллаҳу ҷинояткор ва таъмини амнияти шаҳрвандон саҳми арзанда гузоштанд».
Таъкид шуд, ки гарчанде аз таъсиси воҳидҳои махсуси Вазорати корҳои дохилӣ солҳои зиёде нагузаштааст, вале дар тӯли фаъолият собит гардид, ки кормандони он ҳамчун фарзандони содиқи ин сарзамин ҳамеша омодаанд барои ҳифзи ин Ватан ва сарзамини аҷдодӣ ҷони худро нисор созанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.