Тағйироти кадрӣ дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия

Рустами Эмомалӣ, директори Агентии  назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон имрӯз, 9-уми декабр дар мувофиқа бо Президенти мамлакат дар ниҳоди тобеяш тағйироти кадрӣ амалӣ кард.

Тавре аз Агентии мазкур иттилоъ доданд, бо фармоишҳои Рустами Эмомалӣ генерал майори адлия Гулмаҳмадзода Ҷамшед Гулмаҳмад аз вазифаи сардори Раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе озод карда шуда, ба вазифаи сардори Раёсати амнияти дохилии Агентӣ таъин шуд.

Полковники адлия Аваззода Шараф Тавар аз вазифаи сардори Раёсати амнияти дохилии Агентӣ озод карда шуда, сардори Раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе таъин гардидааст. Ба иттилои манбаъ полковники адлия Иброҳимзода Карим Иброҳим аз вазифаи муовини якуми сардори Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд озод карда шуда, ба вазифаи сардори Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд таъин шудааст: “Полковники адлия Муҳамадзода Ҷамолиддин Муҳамад аз вазифаи сардори Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон озод карда шуда, ба вазифаи сардори Раёсати ташкилию нозиротии Агентӣ, полковники адлия Носирзода Солеҳ Зокир аз вазифаи сардори Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентӣ озод карда шуда, ба вазифаи сардори Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон, полковники адлия Аҳмадзода Музаффар Раҷаб, ки дар ихтиёри кадрҳои Агентӣ қарор дошт, ба вазифаи сардори Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентӣ, Саидшозода Ҷамшед Сафаралӣ аз мансаби муовини сардори Раёсат – сардори шуъбаи назорати давлатии молиявии Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд озод карда шуда, ба мансаби сардори Раёсати назорати буҷетҳои маҳаллии Сарраёсати назорати давлатии молиявии Агентӣ таъин карда шуд. Полковники адлия Одиназода Сафармад Самад аз мансаби сардори Раёсати ташкилию нозиротии Агентӣ ва аз хизмат дар мақомоти Агентӣ бо сабаби ба нафақа баромадан озод гардид.

Рустами Эмомалӣ зимни суҳбат бо кадрҳои навтаъин онҳоро ба хизмати софдилонаю содиқона ба халқу ватан ва муборизаи беамон бо ҷиноятҳои коррупсионӣ даъват намуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *