Табартақсим дар Панҷекент

Заҳри  ғунда- позаҳри онро ҳанӯз дар Шашқати Нав наёфтаанд

…Апаи Мусаллама дар вақти вохӯрӣ ашки чашмонашро нигоҳ дошта наметавонист. Ӯ бо дастони шахшӯлаш аз дасти фарзанди маъюбаш гирифта, ӯро аз остонаи дар вориди хона намуд. Пойҳои ҷавонписар ба ӯ итоат намекарданд  ва модар, ки маълум буд аллакай он қувваи пештараро надорад, бо азоб мувозинати ӯро нигоҳ медошт. Хостам кумак расонам ва чашмам ба нӯги панҷаҳои ин зани солхӯрда афтод, ки мисли ангуштони  мардони саҳро ҳарҷо -ҳарҷо кафида буданд. Ӯ ин нигоҳи маро пай бурд ва мисли ҳамаи занҳо шармида, дасташро бо  нӯги  остинаш пӯшонд. Баъдтар,  вақте ки санглохи ободкардаи ӯро дидам, ин ангуштони хуншор ба ёдам расиданд…

-Узр, ки ман шуморо ташвиш дода, аз ин қадар  роҳи дур овардам, охир дигар касе арзамро напурсад, чӣ кор кунам? — гуфт ӯ ва маро ба хона даъват намуд.

-Магар роҳбарони шаҳру ҷамоат шуморо гӯш накарданд? — мепурсам ҳини суҳбат аз апаи Мусаллама.

-Чиҳо мегӯед, то як андоза худи онҳо ба ин қонуншиканиҳо мусоидат намуданд ва ману аҳли оилаамро ба азоб гирифтор карданд…

…Тасмими таҳқиқи мактуби Мусаллама Солеҳова, сокини деҳаи Шашқати нави шаҳри Панҷакент аз ҷониби ҳайати таҳририяи ҳафтанома гирифта шуд ва инак бо супориши редаксия мо дар ин ҷо қарор дорем. Холаи Мусаллама  ҳамроҳ бо як  писари маъюби гурӯҳи якум  ва духтару  шавҳари нафақахӯраш умр ба сар мебараду ҳамагӣ 200 сомонӣ нафақа мегирад.  Даромади асосиаш  аз ҳисоби замини партобии аз санглох бо дастони хуншор  тозанамудааш аст.   Мусаллама дар мактуби худ навишта буд: ”Худойназаров Ҳабибулло 0,3 сотих заминеро, ки ман  солҳо меҳнат карда, барои ризқу рӯзии фарзандонам истифода мебурдам, зӯран аз ман гирифта,  дарахтонашро бурид. Сардори хоҷагии деҳқонӣ Зубайдулло Носиров  ба арзамон гӯш намекунад ва тарафи ҳамдеҳаашро мегирад. Як нафари дигар бо номи Ӯзбеков Холиқдод  бе ягон ҳуҷҷат  дар рӯ ба рӯи мо — дар соҳили Зарафшон хона сохта, садди роҳи об шуд ва ҳоло  пасобаи чанд хонаи мо ҷойи рафт надорад”.

 Барои рӯшанӣ андохтан сари мавзӯъ, андаке аз таърихи пайдоиши ин деҳа ва сарнавишти сокинони он маълумот медиҳем. Солҳои 80-и асри гузашта, ба деҳаи  Шашқати Боло  ғунда — ҳашароте, ки дар пайи газидани он одам ба марг дучор мегардад, ҳуҷум кард ва ба гуфтаи мардум, дар ҳамаҷо ин ҳашарот пур шуд. Пайиҳам чанд нафар дар  Шашқат аз газидани  он фавтиданд. Комиссияи ҳукуматӣ созмон дода шуд ва дар асоси хулосаи он ҳукумати ҳамонвақта қарор дод, ки мардуми ин деҳаро ба соҳили Зарафшон кӯчонад. Он замон ҳукумат бо як қарори худ  барои  “гурезагони ғунда”  замин ҷудо кард ва  дар ин ҷо бо маблағи ҳукумат сохтмони хонаҳо оғоз гардид.  Аммо пас аз гузаштани «мавсими ғундагазӣ» аксари онҳое, ки бояд ба ин макон мекӯчиданд, аз хонаи  бобоӣ даст кашидан нахостанд ва правленияи колхози ба номи Рӯдакӣ, ки ҳарду деҳа (Шашқати Боло ва  Шашқати Нав) ба ҳайати он  ворид мешуданд, қарор баровард, ки хонаҳои холимондаро аъзои колхоз аз дигар деҳаҳо, ки ниёз ба замину хона доранд,  метавонанд  харида гиранд. Ин буд,  ки дар қатори  дигарон холаи Мусаллама ва шавҳари ронандааш  низ ба ин ҷо кӯчида омаданд. Аксариятро дар ин деҳа шашқатиҳо ташкил мекарданд, вале аз дигар деҳаҳои дараи Киштут — Артучу Кулолӣ ва Панҷрӯд низ  одамон ба ин ҷо омада, сокин шуданд. Байни мардуми ин  деҳаҳо ягон хел нофаҳмие набуд. Аммо, тавре ки Мусаллама мегӯяд, тайи чанд соли охир  роҳбарони деҳа ва ҷамоат байни сокинон тафриқагузорӣ мекунанд. Ӯ мегӯяд: “ Роҳбари хоҷагӣ  Зубайдулло дар вақти тақсими замин, қабл аз ҳама, манфиати ҳамдеҳаҳои худ, яъне шашқатиҳоро дар мадди аввал мегузорад. Ҳатто боре гуфт, ки ин замини   шашқатиҳост ва шумо аз ин ҷо равед”. Ин суханонро ба Мусаллама, вақте ки замини ӯро    собиқ котиби ҷамоати  Рӯдакӣ Ҳабибулло Худойназаров соҳибӣ мекардааст, ба ӯ гуфтаанд. “Магар ҳамаи мо сокини Тоҷикистон нестем, магар ҳамаи сокинони Шашқати Нав аз як дара, аз як   водӣ нестанд?” мепурсад Мусаллама. Албатта, вақте ин занро гӯш мекардам, гумон доштам, ки вай ин суханонро танҳо барои сиёҳ намудани  рақибони худ мегӯяд. Аммо тадқиқоти минбаъда нишон дод, ки гуфтаҳои ӯ беасос набудаанд…

Чандин бор кӯшиши бо роҳбари хоҷагӣ дар тамос шуданро  кардем. Аммо телефони ӯ ҷавоб намедод ва гуфтанд, ки вай  дар бемористон хоб аст. Пас аз ҷустуҷӯҳо,  бо раиси ҷамоати Рӯдакӣ Эгамбердӣ Фармонов вохӯрдем. Аммо Фармонов гуфт, ки  ӯ ҳамагӣ аз моҳи феврали соли равон инҷониб  дар ин вазифа кор мекунад ва чӣ тавр ба собиқ котиби ҷамоат  додани замини Мусалламаро  намедонад. Аммо аз маълумотномаи ӯ бармеомад, ки Худойназаров ба ҷуз замини дар Шашқати Нав гирифтааш,  боз 8 сотихи дигар замин доштааст. Ягона писараш низ соҳиби замину хонаи худ будааст. Пас чӣ тавр шудааст, шахсе, ки ба замини наздиҳавлигӣ ниёз надорад, соҳиби замини иловагӣ гардидааст? Магар аллакай ҳамаи ниёзмандон соҳиби замин шудаанд ва ин замини зиёдатист?    “Ин заминро ба ӯ раиси шаҳр тақдим кардааст”, —  истодагарӣ мекунад кампири Мусаллама…

Вақте ки аз мавзеи баҳсӣ дидан мекардем, ду нафар ҳамсояи Мусаллама — Қурбоной Боева  ва Исомиддин Солеҳов   назди мо омада, ба суҳбат ҳамроҳ шуданд. Исомиддин ба замине, ки пур аз санг буд, ишора намуда гуфт:

-Медонед,  барои замин кардани як сотихи он чӣ қадар вақт лозим аст?  Чанд сол! Масалан  ман аз чор сотих замини худам, ки ҳоло онро ҳамин мард (Худойназаров дар назар буд) гирифтанӣ шуд, дар чанд сол се сотихашро санг чидаю хок оварда, шакли замини корам кардам. Магар аз рӯйи инсоф аст, ки  меҳнати чандсолаи касро як нафар омада соҳибӣ кунаду ба оши тайёр бакавул шавад? Ҳар як дарахти онро бо “баклашка“ об дода, сабзондаам.

-Ана (бо даст ба сййи сангзори дигар ишора мекунад Исомиддин) ба он ҷо нигоҳ кунед, чӣ қадар санглохи бисёр. Марҳамат,  омада обод кунанд, аммо замини дигаронро соҳиб нашаванд…

-Замини солҳо бо сангчинию хокрезӣ бунёднамудаи маро бошад, кашида гирифтанд. Дарахтонашро буриданд, — мегӯяд  ҳамсуҳбати дигари мо Қурбоной Боева ва ба тарафи қитъааш, ки  соҳиби нави он картошка кошта буд, ишора мекунад.  Дар  ҳақиқат,  аз зери хок кундаҳои дарахтони ҷавонмарггашта намудор буданд…

Агар касе соҳили дарёи Зарафшонро (ва дигар дарёҳои кишварамонро низ) дида бошад,  тасаввур карда метавонад, ки сухан дар бораи чӣ хел “ замин ” меравад, ки ин одамон онро киштбоб кардаанд. Ғарами сангҳое, ки аз як-ду  сотих  замин чида, якҷо кардаанд, ба як иморат баробар аст. Дар шафати ин заминҳое, ки  солҳо бо нӯги ангушт кампири Мусалламаю духтаронаш   ва ҳамсояҳояш заҳмат  кашида, киштбоб карда буданд, чанд сотих замини  сангзоре, ки дар шакли аввалааш боқӣ мондааст, мавҷуд аст,  аммо  заминталабон маҳз заминҳои ободнамудаи онҳоро гирифтаанд.  Ё  дидани роҳате, ки заҳматашро дигарон кардаанд, ширинтар аст? Ҳамагӣ 20-30 метр дуртар аз ин сангғарам дарёи хурӯшони Зарафшон, ки ҳар лаҳза маҷрои худро дигар мекунад, ҷорист ва  ба ин савол ҷавобе гуфта наметавонад…

Чун даъвои кампири Мусаллама аз болои собиқ котиби ҷамоати Рӯдакӣ Худойназаров буд, аз таърихи замингирии ӯ дар идораи замини шаҳр огоҳӣ пайдо кардем. Мувофиқи  қарори раиси шаҳри Панҷакент аз 9 августи соли 2013 таҳти 380   воқеан ҳам ба шаҳрванд Ҳабибулло Худойназаров  8 сотих замин ҷудо карда шуда буд. Аз кормандони ин сохтор нусхаи сертификати онро хоҳиш намудем ва тақрибан пас аз як соати ҷустуҷӯ нусхаи онро доданд. Аммо сабаб чист, ки қарор оид ба ҷудо намудани қитъаи замин соли 2013  баромада буду  сертификати он   05.09.2016  дода шудааст. Моҳе, ки ҳанӯз фаро нарасидааст(ба акс нигаред). Ин муамморо дида, ба раиси шаҳр   Ислом Зиёзода муроҷиат намудем. Ӯ гуфт, ки дар ин маврид маълумоти кофӣ надорад  ва ба касе ҳам замин туҳфа накардаасту чунин ҳуқуқ ҳам надорад. Аммо ҳатман таърихи додан ва дар кадом вазъият  ба амал омадани  ин ҳолатро  муайян хоҳад кард…  Воқеан ҳам, зери  қарори № 380 аз 09.08.2013 дар соли 2013 собиқ раиси шаҳр Хисрав Абдуназаров  имзо гузошта  буд…

 Аз назди раис ба дафтари кории  роҳбари кумитаи ҳифзи муҳити зист ва экологияи шаҳр Иноятов рафтем ва ҳолати  дарахтбурии худсаронаро дар Шашқати Нав ба ӯ гуфтем. Пас аз як рӯз дарахтбурони  худсар дарёфт ва ҷарима карда шуданд. Аммо чаро ин ҳолатро на кормандони кумитаи муҳити зисти шаҳр, на сарвари хоҷагии “Шашқат” ва на раиси ҷамоати Рӯдакӣ , балки хабарнигори аз Душанбе омада бояд  ба ин сохтор  маълум кунад? Магар онҳо  шикояти ҷабрдидагонро дар ин маврид надидаю нашунида буданд? Шояд  ин ҷо боз ҳам манфиати маҳал  ва ё ягон манфиати дигар сабаби марги дарахтони ҷавон гардида бошанд? Сабзонидани як дарахт дар ин мавзеъ солҳо заҳмат металабад…(Ба акс нигаред).

Аз онҳое, ки дар ин минтақа соҳиби замин шудаанд, танҳо Худойназаров   (ва он ҳам бо сертификати шубҳанок) ҳуҷҷат доштаасту халос. Х. Ӯзбеков ном ҳамсояи холаи Мусаллама бошад, дар ин ҷо аллакай хона рост карда, садди роҳи обпартои дигарон шудааст ва гуфтааст, ки ҳаргиз ба мардуми аз кӯча   боло роҳи об намедиҳад. Аммо қабл аз омадани селҳои харобиовар раиси ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ  Эгамбердӣ   Фармонов  занг зада гуфт, ки масъалаи обпарто ҳал шудааст. Аммо баъд аз як рӯз сокинони дигари маҳалла гуфтанд, ки баръакс, соҳиби хонаи нав ҳамаи роҳҳои обро бастааст ва ҳоло онҳо дар байни сел мондаанду ҳавлиашон пур аз лойқа…

Баъд аз ошноӣ бо минтақаи баҳсноки Шашқати Нав, ки сабабгори он номаи  кампири Мусаллама гардида буд, пеши мо чанд саволе пайдо шуд, ки ба он танҳо  намояндагони сохторҳои дахлдор  ҷавоб дода метавонистанд. Аввалан, чун замини  баҳсӣ дар соҳили дарёе  ҷойгир шуда буд, ки имкони тағйири маҷрои он ҳар лаҳза мавҷуд аст, ба Ситоди Марказии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ муроҷиат намудем ва масъалаи минтақаи безарар дар соҳили дарёҳои калони кишварро ба миён гузоштем, ки дар он ҷо иҷозати сохтмони хонаҳои истиқоматӣ дода мешаванд. Аммо пас аз ҷустуҷӯи зиёди шахсе, ки тавонад ба ин савол ҷавоб диҳад, ба мо гуфтанд,ки ин кори Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии об аст ва ин меъёрро онҳо медонанд. (Баъдтар маълум шуд, ки Вазорати мелиоратсия дар якҷоягӣ бо КҲФ дар ин маврид дастуруламали якҷоя доранд, ки он бо фармони раиси ҳамин  сохтор тасдиқ гардидааст, аммо наҷотдиҳандагон аз он бехабаранд). Ба КҲФ-чиён  барои маслиҳат ташаккур гуфта, роҳ ҷониби Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии об  пеш гирифтем. Он ҷо бо мутахассиси варзидаи ин сохтор, ҳамкасби худ дорандаи ҷоизаи ба номи устод Лоҳутӣ Гул Шарифов вохӯрдем, ки дар ин бора ба мо маълумоти мукаммал дод. Мувофиқи гуфтаи ӯ, Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии об дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ  сари масъалаи сохтани иншоотҳои маскунӣ дар соҳили дарёҳо  дар асоси «Дастурамали амалигардонии назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо фармони раиси  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 феврали соли 2012, таҳти №18 тасдиқ гардидааст, амал мекунанд. Дар асоси ин ҳуҷҷат, дар соҳили дарёҳое, ки дарозиашон зиёда аз сад километр аст, набояд  наздиктар аз 150 метр масофа аз соҳил бино сохт. Тавре  гуфтем, хона ва таҳкурсие, ки дар бораашон сухан меравад, ҳамагӣ 50-70 метр аз соҳили Зарафшон дуранд ва  ба ин меъёри муқарраргардида ҷавобгӯ нестанд. Худи ҳамин далел аллакай  қонунӣ будани қарори мазкурро зери шубҳа нигоҳ медорад. Шояд ин меъёрро раисон вақти имзои қарор надонанд, вале сохторҳои вобаста ба  гирифтани сертификат бояд ин камбудиро нишон медоданд. Ё онҳо медонистанду…Инашро  сохторҳои дигар бояд омӯзанд.

Саволи дигари мо вобаста ба ноҷӯрӣ дар муҳлати додани сертификат ва қарори раиси шаҳр аст. Раиси шаҳр қарорро 9 августи соли 2013 (якбора оид  ба ҷудо кардани  6 қитъа замин ба 6 нафар) имзо кардаасту сертификат ба номи  Ҳ. Худойназаров моҳи сентябри соли 2016 (дар оянда!) дода шудааст.  Барои муайян намудани ин асрор, ки дар ягон  чаҳорчӯбаи ҳуҷҷатгузорӣ намеғунҷид, ба Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намудем ва он ҷо моро ҳуқуқшиноси ин сохтор М. Шарофов пешвоз гирифт. Дар оғоз он ӯ нусхаи сертификати пешниҳоднамударо бодиқққат аз назар гузаронида, баъд бо нусхаи қарор шинос шуду гуфт: «Ман ҳайрон, ки чаро ин қадар дер сертификат гирифтаанд, аммо дар ин ҷо ягон қонуншиканӣ нест…» Вақте ки ба санаи дода шудани сертификат бори дигар ишора намудем, ҳуқуқшинос зуд рақами телефони шахси ваколатдор (Умаров Ҷ)-ро гирифта, сабаби ин номувофиқиро пурсон шуд. Аммо номбурда ҳавола ба заминсозони Панҷакент кард, ки шояд бо айби онҳо чунин шуда бошад. Шарофов моро гусел намуда истода, ваъда кард, ки сабаби  ин номутобиқатиро  аниқ карда,  ба мо хабар хоҳад дод. Вақти баромадан аз эшон савол кардем: «Оё айни замон ҳамин сертификат қонунӣ аст?» Танҳо пас аз як рӯз муҳтарам Шарофов занг зада гуфт: «Ин сертификат ба номи Ҳабибулло Худойназаров 05.02.2016 дода шудааст ва дар ҳуҷҷат санааш ғалат рафтааст», аммо дар мавриди он ки ин шабу рӯз ҳамин сертификат бо ин қадар номувофиқиҳо ҳуҷҷати қонунӣ аст ё не, касе то ҳол ҷавобе  нагуфтааст…

…Овози кампири Мусаллама аз хонаи дигар паст-паст шунида мешуд, ки  бо духтараш маслиҳат мекард:

-Андактар як дам ба сари ҳота меравему сангчинӣ мекунем. Як ваҷаб замин ҳам аз санг озод шавад, кори савоб аст.

Ман, ки косаи ҷурғоти кампир мурооткардаро  бо  иштиҳо мехӯрдам, ба як тараф гузоштаму гуфтам:

-Ман рафтам, ба шумо барори кор…Аммо боз ҳам нашавад, ки шумо аз санг заминро тоза кунеду каси дигаре омада соҳиб шавад?

Кампир, ки ба гуфти ҳамсоягонаш солҳои зиёд ҳар рӯз сангчинӣ мекардаасту  ин барояш як одати доимӣ гаштааст, дар ҷавоб чизе  нагуфта, ба ман дуои сафар дод…

Абдумудассир АҲМАДЗОДА,

Душанбе-Панҷакент-Душанбе

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *