Табиби Гулмурод Ҳалимов ба Тоҷикистон оварда шуд

Туркия табиб ва парастори Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи фирории тоҷикро ба Тоҷикистон истирдод кардааст.

Мақомот мегӯянд, ки ин ҷавон дар муолиҷаи Гулмурод Ҳалимов дар Сурия дар соли 2015 кӯмак кардааст.

Ин ҷавон Маҳмад Маҳмадиеви 26-сола, як сокини маҳаллаи Қазоқони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе мебошад. Тафтишот мегӯяд, ки ӯро охири соли 2016 дар наздикиҳои шаҳри Манбиҷи Сурия сарбозони турк дастгир кардаанд ва рӯзи 4 марти имсол ба Тоҷикистон истирдод шуд.Тафтиши пешакӣ собит кардааст, ки Маҳмад Маҳмадиев дар Сурия дар ҷарроҳии Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи собиқи нерӯҳои таъйиноти махсус ширкат карда ва ним моҳ ӯро парасторӣ кардааст.Санҷидани дурустии ҳарфҳои тафтишот тавассути манобеи мустақил ва ё аз забони худи Маҳмадиев имкон надорад. Хешовандони Маҳмадиев гуфтаанд, ки баъди истирдоди писар ба Тоҷикистон худи ӯро надидаанд ва танҳо ҳаминро медонанд, ки ӯ бо вакили дифоъ таъмин нашудааст.Тафтишот мегӯяд, Маҳмадиев сентябри соли 2014 Душанберо тарк карда ба Маскав рафт ва декабри ҳамон сол аз Туркия ба модараш занг зад. Муфаттишон бовар доранд, ки Маҳмадиев махсус бо ҳадафи пайвастан ба сафи гурӯҳи «Давлати исломӣ» ба Сурия сафар карда буд. То он замон ӯ дар Коллеҷи тиббии шаҳри Душанбе таҳсил карда, бо маълумоти нопурраи тиббӣ ба сафи ҷангиёни ДИИШ пайваст ва гӯё дар ҳайати ин гурӯҳ ба расонидани ёрии аввалияи тиббӣ машғул буд.Баъди захмӣ шудани Гулмурод Ҳалимов, дар як амалиёт дар Сурия дар таърихи 22 июни соли 2015, ба қавли тафтишот, як пизишки олмонитаборе дар ҳайати ДИИШ ӯро ҷарроҳӣ кард ва Маҳмадиев ҳам гӯё дар ин амалиёт иштирок дошт. Маҳмадиев ба тафтишот гуфтааст, чаҳор сантиметр аз устухони пойи фармондеҳи фирории тоҷикро буридаанд ва ӯ ҳоло мелангад. Маҳмадиев гуфтааст, ки наздики як моҳи баъди ҷарроҳии Ҳалимов ӯро парасторӣ кардааст.Акси Маҳмад Маҳмадиев дар торнамои вазорати корҳои дохилӣ дар қатори дигар ҷавононе, ки бинобар пайвастан ба ДИИШ ҷустуҷӯ мешаванд, соли гузашта нашр шуда буд. Дар эълони вазорат гуфта мешавад, ки ҳузури Маҳмадиев дар Сурия маълум шудааст ва додситонӣ бар асоси моддаи 401-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне “зархаридӣ” аз 14-уми августи соли 2015 нисбаташ парвандаи ҷиноӣ боз намудааст.Файзиҷон Маҳмадиев, падари Маҳмадӣ  гуфт: “Ман бемор ҳастам, сутунмӯҳра ва дилам дард мекунад. Маҳмад ягона фарзандам буд, ки маро табобат мекард, доруҳоямро мегузаронд. Ба хотири табобати ман барои кор ба Русия рафт. Он ҷо чӣ шуд, ки яке хабараш аз Сурия омад. Аз он ҷо танҳо як бор занг зада буд ва мо зуд мақомотро огоҳ карда будем. Ҳоло ба ҳар ҳол хурсандам, ки писарамро аз он ҷо зинда оварданд. Дар зиндон ҳам бошад, дар Тоҷикистон аст.”Наҷмиддин Мудинов, раиси маҳаллаи Қазоқони шаҳри Душанбе гуфтааст, ки замоне мақомот аз ҳузури Маҳмад Маҳмадиев огаҳӣ пайдо карданд, ки ӯ тариқи интернет бо ҷавони маҳалла дар тамос шуда, онҳоро барои пайвастан ба ДИИШ ташвиқ кардааст.

“Вай дар интернет бо бачаҳо гап мезанад ва ин овоза шуд. Аз ВКД омада моро пурсиданд. Баъди ин ба хонаашон рафта фаҳмидем, ки ҳақиқатан ҳам дар хонаашон нест. Баъдан пурсиданд, ки ҳамин хел одам дар маҳаллаи шумо ҳаст ё не. Гуфтем, ба Русия рафта буд”.Ҳоло Маҳмад Маҳмадиев дар боздоштгоҳи муваққатӣ таҳти табобати пизишкон қарор доранд, зеро ба гуфтаи мақомот, баъди боздошташ гӯё бо чанд захми корд дасташро бурида талош кардааст, дар Туркия бимонад.Аз ҷангҳои Сурия ва Ироқ наздик ба 50 тан аз ҷавони тоҷик бо эҳсоси пушаймонӣ ба ватан баргаштаанд. Аммо Маҳмадиев аз аввалин нафаронест, ки дар Сурия аз ҷониби низомиёни турк боздошт ва баъдан ба ҷониби Тоҷикистон таслим шудааст. Аз ин рӯ, мақомот мегӯянд, афв нисбат ба ӯ татбиқ намешавад ва эҳтимоли аз 8 то 12 соли зиндон ба ӯ таҳдид мекунад. Тибқи иттилои расмӣ бештар аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Сурия ва Ироқ ба сафи ДИИШ пайвастаанд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *