Табибони Полша ба кумаки табибони Хоруғ рафтанд

Табибони Полша, ки чанд рӯз инҷониб дар Душанбе қарор доранд, ба шаҳри Хоруғ сафар намудааанд.Онҳо аз ҳолати беморони гирифтори коронавирус шинос шуданд.

Тавре сардухтури беморхонаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Саидбек Давлатбеков хабар медиҳад, табибони Полша асосан дар ташхису табобати бемороне, ки вазъи саломатиашон хуб нест, ба ҳамтоёни тоҷики худ кумак мерасонанд. Онҳо дорои таҷрибаи беҳтар буда, дар ихтиёри худ озмоишгоҳҳои муосири сайёр низ доранд.
«Аз рӯзҳои аввали пайдоиши бемории сироятии COVID-19 дар Тоҷикистон. дар вилоят то ба имрӯз 940 нафар бо аломатҳои ин беморӣ бистарӣ шуда, имрӯз аксари онҳо пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон баргаштанд ва 115 нафар зер назорати табибон мебошанд. Муҳим он аст, ки беморон ва табибон ба ҳамдигар боварӣ ҳосил намуданд. Ҳоло ки табибони хориҷӣ дар ин ҷо қарор доранд, бо боварӣ метавонам гӯям, ки пас аз мубодилаи таҷриба дониши назариявию амалии табибони тоҷик боз ҳам хубтар мегардад»,- гуфт Саидбек Давлатбеков.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *