Табобати ройгон ба киҳо расонида мешавад?

 

 Дар сатҳи ҷумҳурӣ аз 1 январи соли 2017 қариб 4000 муассисаҳои тандурустӣ амал мекунад, ки аз он 1704 хонаи саломатӣ, 104 нуқтаи тиббӣ, 821 марказҳои саломатии деҳот, 54 марказҳои саломатии ноҳиявӣ, 52 маркази саломатии шаҳрӣ, 9 маркази тиббии оилавӣ, 64 нуқтаҳои ёрии таъҷилӣ, 479 беморхонаҳо, 430 муассисаҳои тиббӣ хизмати шабонарӯзии тиббӣ мерасонанд. Ҳамасола 18 август, Рӯзи кормандони соҳаи тандурустӣ ҷашн гирифта мешавад. Вобаста ба ин сана суҳбате доштем бо  директори Муассисаи давлатии Маҷмааи  тандурустии  “Истиқлол”, номзади илмҳои тиб, профессор Абдуллоев Ҷамолиддин Абдуллоевич, ки фишурдааш чунин аст:

 — «Маҷмааи тандурустии Истиқлол»  дорои дастгоҳҳои замонавӣ ва шароити хуби муосир мебошад. Мегуфтед, ки кадом техникаву дастгоҳҳо дар беморхонаи шумо насб шудааст, ки дар дигар беморхонаҳо нест?

-Маҷмааи мазкур моҳи марти соли 2016 ба фаъолият шурӯъ кард, ки дар маросими кушодашавии он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон иштирок доштанд. Аз ҷамъбасти шашмоҳаи соли ҷорӣ маълум гашт, ки як қатор пешравиҳо ба назар мерасад.  Таҷҳизоте, ки дар беморхонаи мо вуҷуд дорад, на танҳо дар дигар беморхонаҳо, балки дар дигар кишварҳо низ кам ба назар мерасанд.

Масалан, дастгоҳи магнитии МРТ, компютери томографӣ, ангеография барои муайян ва ташхис кардани бемориҳои дил ва ғайра, ки барои муоина ва ташхиси дуруст гузоштан мусоидат мекунад.

— Оё бо чунин дастгоҳҳо мутахассисони мо кор карда метавонанд?

-Айни замон ҳама дастгоҳҳое, ки дар беморхона ҳастанд, фаъолият мекунанд. Мутахассисон курсҳои бозомӯзиро гузашта, кор карда истодаанд. Таҷрибаҳои ҳаррӯза нишон медиҳад, ки онҳо ба пуррагӣ аз уҳдаи ин кор мебароянд ва ташхиси дақиқ низ мегузаранд.

-Кадом намуди хизматрасониҳо ройгон аст, кадомаш пулакӣ?

-Беморхона мувофиқи қарори 600 Ҳукумати ҶТ фаъолият мекунад. Маблағгузорӣ ҳам  аз буҷаи давлат ва ҳам аз ҳисоби маблағҳои ғайрибуҷетӣ мебошад. Ба хизматрасонии ройгон шахсони камбизоат, маъюбон, иштирокчиёни ҶБВ,  маъюбони Чернобел, иштирокчиёни ҷанги Афғонистон, беморони диабети қанди нави 1, кӯдакони синни то яксола  имтиёз доранд.

-Дар беморхона  кадом намуди бемориҳо  муолиҷа  мешаванд?

-Дар маҷмаа тамоми бахшҳо, аз ҷумла хизматрасони ба модару кӯдак, таваллудхона, боз ду бахши дигар барои кӯдакон ҳам дар самти табобат ва ҳам дар самти ҷарроҳии кӯдакона  ва калонсолон мавҷуд аст.

-Шуъбаҳое   ҳастанд, ки ба мутахассисон ниёз дошта бошанд?

-Айни замон дар беморхона шуъбаи ҷарроҳии дилу рагҳои кӯдакона бо сабаби норасогии мутахассисон ба пуррагӣ фаъолият намекунад. Барои аз байн бурдани ин мушкилӣ бо мутахассисони ҳамсоякишвари Қазоқистон гуфту шунид анҷом додаем. Моҳи сентябр мутахассисони худро барои такмили ихтисос дар сатҳи ҷарроҳони дил, духтурони эҳёгар,  кардиореаниматологҳо, перфузологҳоро  мефиристем. Баъд аз гузаштани курсҳои лозимӣ ин мушкилӣ ба пуррагӣ ҳалли худро меёбад. Барои ба анҷом расонидани ҷарроҳиҳои мураккаби дил тасмим гирифтаем, ки мутахассисони дигар кишварҳоро  даъват намоем. Дар марҳилаҳои аввал онҳо чунин ҷарроҳиро гузаронида,  баъд аз такмили ихтисоси духтурони худӣ низ ҷои онҳоро хоҳанд гирифт. Умед дорем, ки  яке аз беҳтарин беморхона на танҳо дар кишвар,  балки дар Осиёи Миёна хоҳад шуд.

 -То имрӯз мутахассисони шумо  барои коромӯзӣ ба дигар кишварҳо сафарбар карда шуда буданд?

-Муддати чор моҳе, ки дар ин муассиса фаъолият мекунам,  дар маҷмуъ 7 нафар сафар бар шудааст, ки аз он  5 нафараш аз ҳисоби маблағҳои Раёсати тандурустӣ ба шаҳри Алмаатои Қазоқистон барои  омӯзиши кардиореаниматсия, ангеография, алоими шадиди рагҳои дил ( острий  конорарний  синдром) фиристодем. Як нафар  дар Ҳиндустон оиди узви сунъи (протез)-кунии устухонҳои буғум ва як нафари дигар дар шаҳри Маскав  барои такмили ихтисоси   артоскопия  сафарбар шуда буданд, ки аллакай курсҳои омӯзиширо муддати чор моҳ гузашта, баргаштанд.

-Киҳо ба кор қабул карда мешаванд? Онҳое, ки дар қайди шаҳри Душанбе ҳастанд ё мутахассисони хубе, ки берун аз қайд ҳастанд?

— Онҳое, ки барои кор муроҷиат мекунанд, бояд дар қайди шаҳри Душанбе бошанд. Мувофиқи қонуни мавҷуда, ҳуқуқ надорем, ки шахсоне, ки дар қайди шаҳри Душанбе нестанд, ба кор қабул кунем. Мушкилии ҷобаҷокунии кадрҳо қариб ки вуҷуд надорад. Лозим ба ёдоварист, ки зиёда аз 50 фисади кормандони мо ҷавон ҳастанд. Тибқи шартномае, ки байни шуъбаи кадрҳо ва Коллеҷи ҷумҳуриявии ВТВҲИА ҶТ ҳаст, айни ҳол 20 хатмкунанда дар марҳилаи таҷрибаомӯзӣ қарор доранд, баъди хатми коллеҷ дар шуъбаҳои лозимӣ ба кор сафарбар карда мешаванд.

-Дар маҷмӯъ, чӣ қадар корманд расман фаъолият мекунанд?

-Мувофиқи бандҳои корӣ 3490 воҳиди корӣ ҷудо карда шудааст. Айни замон 2330 нафар фаъолият намуда, 2799 воҳидҳои корӣ банд аст. Воҳидҳои корие, ки ҳамарӯза ба  мо муроҷиат мекунанд, шуъбаҳои бахши илм, хоҷагидорӣ, баъзе шуъбаҳое ҳастанд, ки пурра фаъолият надоранд. Воҳидҳои кории холии ҳамшираҳои тиб ва духтурон каманд ва рӯзҳои наздик ҳалли худро меёбанд.

Идатон муборак!

Суҳбаторо М. Давлат

Аз идора:

Дар симои шумо кормандони “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” ва дар сатҳи кишвар кулли табибонро ба рӯзи идашон табрик гуфта, ба эшон чашмони уқобию дастони нозук ва муваффақиятҳоро таманно дорем.

Муаррифнома

Ҷамолиддин Абдуллоев хатмкардаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино мебошад. Баъди хатми интернатура  дар МС №7 (Совети1) фаъолият карда, ҳамчун ҳамкор дар беморхона клиникии шаҳрии №3 кор намудааст. Дар ин беморхона солҳои зиёд кор намуда, то ба вазифаи сардухтури Беморхона расидааст.  Аз соли 2014 то соли 2017 сартабиби беморхонаи “Ёрии таъҷилӣ”  ва аз моҳи марти соли 2017 то имрӯз директори “Маҷмааи Истиқлол” мебошад. Корҳои илмии  ӯ  рисолаи илмӣ (2002) , рисолаи докторӣ (2012), номзади илмҳои тиб,  профессори кафедраи ҷарроҳии умумии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни  Сино  (2014) мебошад. Оиладор, соҳиби 4 фарзанд мебошад.

                

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *