Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Тафсилоти таркиш дар Бохтар

Сардори Раёсати хадамоти давлати давлатии оташнишонии вилоят Мулоҳит  Рӯзиев дар нишасти матбуоти,гуфт ки рӯзи шанбеи 9-уми июл соати 15:30 воқеъ дар  2-километрии бозори маъруфи «Ҳоҷӣ Шариф» дар ҷамоати Бустон-қалъаи ноҳияи Бохтар дар як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ таркиш рух дода буд.

Мошини «Дулан» дар  НФС маводи сӯзишворӣ (газ)  холӣ менамуд  ва аз бааҳмиятии ин ронанда дар нуқтаи сӯзишвори сӯхтор ба амал омада, он таркидааст.

Ҳангоми таркиш як нафар дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида ва 21  тан ҷароҳат бардоштанд, Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Хатлон зарари онро 135 ҳазор сомонӣ ҳисоб кардааст.

Далер Мадбобоев – ронандаи “Дулан” ва Алихон Малахов, корманди нуқтаи бензинфурӯширо дар ин таркиш айбдор будаанд. «Алихон Малахов, сокини ноҳияи Сарбанд, дар пайи ин таркиш ба ҳалокат расидааст ва додситонӣ тасмим хоҳад гирифт, ки бо Далер Мадбобоев чӣ хоҳад кард,»  гуфт Рӯзиев . Ба қавли ӯ «вақти холӣ кардани гази моеъ (рукава)лӯлаи газ аз дасти ронанда афтода, бо шиддати баланд ба ҳар тараф ҳаракат кардааст. Онҳо натавонистаанд ин лӯларо бардоранд ва дар натиҷа сӯхтор сар зада, сипас таркиш ба миён омадааст.»

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.