Тафтиши мошинҳо дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон сахттар шуд

Бино ба хабарҳое, ки аз минтақаи гумрукии Панҷакенти Тоҷикистон ва Самарқанди Ӯзбекистон расидааст, мошинҳои сабукрави Тоҷикистон ҳангоми убур аз марз дуру дароз ва ҷиддӣ тафтиш мешаванд.

Бино ба хабарҳое, ки аз минтақаи гумрукии Панҷакенти Тоҷикистон ва Самарқанди Ӯзбекистон расидааст, мошинҳои сабукрави Тоҷикистон ҳангоми убур аз марз дуру дароз ва ҷиддӣ тафтиш мешаванд.

Шоҳини Равшан, хабарнигори маҳаллӣ дар шаҳри Панҷакент рӯзи 22 май дар суҳбат бо сомонаи Tajikistantimes зимни тасдиқи ин хабар гуфт, умдатан мошинҳои сабукрави Тоҷикистон, ки бори аввал ба хоки Ӯзбекистон ворид мешаванд, то 3-4 соат тафтиш мешаванд.

Вай таъкид кард, эҳтимол далели сахт шудани тафтиши мошинҳои Тоҷикистон дар марз ба ҳодисаи ошкор шудани интиқоли маводи мухаддир дар гузаргоҳи Ойбек дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон рабт дошта бошад.

Ронандаҳои тоҷик мегӯянд, ки ҳангоми убур аз марз кормандони ниҳодҳои гумрукии  Ӯзбекистон онҳоро ба боз кардани балонҳои газ, чархҳои мошин ва чархҳои эҳтиётӣ водор мекунанд.

Кормандони гумрук ҳадаф аз ин иқдоми сахтгиронаро навъи талош барои ҷилавгирӣ аз интиқоли маводи мухаддир аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон унвон кардаанд.

Ронандагон мегӯянд, ки роҳи ҳалли ин мушкил насби асбобҳои замонавӣ барои назорати интиқоли маводи мухаддир дар гузаргоҳҳои марзӣ мебошад, ки тафтиши мошинҳо зуд ва бидуни асабоният анҷом мешавад.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз сокинони шаҳри Панҷакент ба сомонаи Tajikistantimes гуфтанд, ки дар вақтҳои ахир кормандони гумруки Тоҷикистон ба сокинони Панҷакент иҷоза намедиҳанд, ки аз шаҳри Самарқанд маводи ғизоӣ ва мева ворид кунанд.

Қаблан сокинони Панҷакент аз бозори маъруфи Ургут дар наздикии сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон бо нархи аз Тоҷикистон хеле поинтар маводи ғизоӣ харидорӣ карда ва бидуни мушкил ба Панҷакент меоварданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *