Таъиноти кадрӣ: Шинос шавед: Раиси нави Кӯлоб ва Турсунзода

Абдуқодир Вализода раиси шаҳри Кӯлоб таъин гардид. Номбурда то ин замон дар вазифаи раиси шаҳри Турсунзода фаъолият дошт. Инчунин, раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода, ки то ин замон раиси ноҳияи Ховалинг буд, таъин шудааст.

Тавре аз мақомоти шаҳри Турсунзода ба Pressa.tj хабар доданд, имрӯз, 8 июн раиси нави шаҳри Турсунзода бо иштироки муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид муаррифӣ гардид. Акрамзода Парвиз Акрам 2 сол қабл аз вазифаи муовини якуми раиси шаҳри Турсунзода ба вазифаи раиси ноҳияи Ховалинг таъин шуда буд.

Ёдрас мешавем, ки Вализода Абудқодир ба ҷои Баҳром Иноятзода раиси шаҳри Кӯлоб таъин гардид. Иноятзода имрӯз, 8 июн аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар содир намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ дастгир карда шудаст.

Қабл аз ин, 27-уми майи соли 2020 ронандаи автомашинаи хизматии Б. Иноятзода – Хуррамов Хурсандалӣ Пардаевич ва 3 июни соли 2020 мудири қабулгоҳи Раиси шаҳри Кӯлоб Қурбонов Фирӯз Давлатхоҷаевич бо ҷурми қаллобӣ ба ҳабс гирифта шуда буданд. Тавре ки “Ховар” дар такя ба КДАМ хабар медиҳад, дар рафти тафтишоти пешакӣ Хуррамов Х.П. ва Қурбонов Ф. Д. нишондод пешниҳод карданд, ки онҳо ин кирдорҳояшонро бо супориши Раиси шаҳри Кӯлоб Б. Иноятзода содир намудаанд.

Маълумотнома
Вализода Абдуқодир аз 8 июни соли 2020 дар мансаби раиси шаҳри Кӯлоб корро оғоз кард. Номбурда 3 марти соли 1964 дар ноҳияи Ховалинг таваллуд шудааст.

Кор ва фаъолияти собиқа
Солҳои 1983-1984 Муҳандиси калони шуъбаи парки техники «Госкомселхозтехника»-и ноҳияи Ховалинг.
Солҳои 1984-1986 Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС, Котиби озоди кумитаи комсомолии колхози «Правда»-и н. Ховалинг.
Солҳои 1986-1989 Фаъолият дар Кумитаи комсомолии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг.
Солҳои 1989-1995 Иқтисодчӣ ва муовини директори хоҷагии ҷангали ноҳияи Ховалинг.
Солҳои 1995-2000 Фаъолияти меҳнатӣ дар Комбинати орди ноҳияи Колхозобод.
Солҳои 2000-2002 Муовини аввали директори генералии иттиҳодияи «Ғалла»-и вилояти Хатлон.
Солҳои 2002-2006 Мудири шуъбаи манзилӣ ва тақсимоти хонаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қурғонтеппа.
Солҳои 2006-2010 Муовини раиси шаҳри Қурғонтеппа.
Солҳои 2010-2013 Раиси ноҳияи Ховалинг.
Солҳои 2013-2018 Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ.
Аз феврали соли 2018 то 8 июни соли 2020 раиси шаҳри Турсунзода

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *