Таъиноти кадрӣ дар бонк, вазорат, агентӣ ва муассисаҳои олӣ

 Имрӯз Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор сохторҳои давлатӣ тағйироти кадрӣ ба амал овард.

Ҳамин тавр, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Латифов Умед Баротович бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод ва бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд. Ӯ дар ин вазифа Соҳибов Шавкат Қузиевичро иваз намуд.

Тибқи Қарорҳои дигари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло аз вазифаи муовини Директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва ба вазифаи муовини якуми Директори ҳамин Агентӣ таъин карда шуд. Ҳасанзода Ҳомид Усмон бошад, ба вазифаи муовини Директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Тағйироти кадрӣ инчунин дар як қатор муассисаҳои олии таълимии кишвар ба амал омада, тибқи Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳиён Нуралӣ Набот аз вазифаи Ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон озод ва ба вазифаи Ректори Донишгоҳи давлатии Данғара таъин гардид. Шоҳиён Нуралӣ Набот дар ин вазифа Каримзода Маҳмадқул Боборо иваз намуд.

Амонзода Илҳом Темур бошад, Ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон таъин гардид.

Ҳамчунин дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Олимӣ Рауф Латифзода ба вазифаи Директори Донишкадаи иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, Додоҷонзода Акрам Аҳмадҷон — Директори Филиали Донкишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе ва Каримзода Маҳмадқул Бобо — Директори Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии Донишкадаи пӯлод ва хӯлаи шаҳри Москва дар шаҳри Душанбе (МИСиС) таъин карда шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *