Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

“Тайота-Корола”ба трактор бархурда, 4 касро ба ҳалокат расонид

17-уми августи соли 2021, тахминан соати 13:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота-Корола”, Зурбеков Дустмурод Муминҷонович, соли таваллудаш 1989, сокини ҷамоати деҳоти 50-солагии ноҳияи А.Ҷомӣ, ҳангоми ҳаракат аз тарафи шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Бохтар, дар 90-километри шоҳроҳи “Душанбе-Панҷи-Поён” бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба трактори тамғаи “Мехлапата”, ки ба Тағоев Сироҷиддин Мансурович, соли таваллудаш 1991, сокини ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳияи Кӯшониён, тааллуқ дорад, бармехурад.


Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота Карола”, Зурбеков Д.М., бародараш Зурбеков Бахтовар Муминҷонович, соли таваллудаш 1995, сокини ҷамоати деҳоти 50-солагии ноҳияи А.Ҷомӣ ва мусофирони дохили автомашина Мирзоева Малоҳат Маҳмадаюбовна, соли таваллудаш 1999, сокини ҷамоати деҳоти Яккатути ноҳияи А.Ҷомӣ, ноболиғ Мирзоева Бибираҳима Раҷабалиевна, соли таваллудаш 2010, сокини ноҳияи мазкур ба ҳалокат расидаанд.


Мусофири дигари автомашинаи мазкур Зурбеков Бахшалӣ Муминҷонович, соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи А.Ҷомӣ, ба саломатиаш ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.