Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Талаби истеъфои вазири мудофиа

Сайёфи Мизроб ва Раҷаби Мирзо, рӯзноманигорони шинохтаи Тоҷикистон хостори истеъфои Шералӣ Мирзо,  вазири мудофиа гардиданд.  

Зеро ба гуфтаи онҳо, имсол даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ба як саҳнаи масхараомезе табдил ёфтааст, ки раванди даъват ҳамарӯза тариқи сайтҳои иҷтимои пахш мегардиданд.

Баъди пахши навори видеоӣ дар “Youtube” бо номи “Облаваи одами бемор дар Восеъ” Сайёфи Мирзоб дар саҳифаи фейсбукиаш навиштаст: “Баъди хамин навор бояд вазири мудофиа ба истеъфо равад!!!“  Сухани Сайёф дар сомонаҳои иҷтимои тарафдорони зиёдеро пайдо кард.

Рӯзноманигори дигари кишвар Раҷаби Мирзо дар тақвияти суханони Сайёфи Мизроб чунин мегӯяд: Сайёфи Мизроб, воқеан ҳам, дуруст мегӯяд. Баъди шармандагиву қонуншиканиҳои суратгирифта дар маъракаи даъват ба артиши имсола Шералӣ Мирзо ҳаққи маънавии роҳбарии вазорати мудофиаро надорад!

Ин шармандагист: Девонаро ҳам ба аскарӣ бурданӣ шуданду талабаи мактабро ҳам.

Агар ҳаводиси ҳамин якуним моҳи Тоҷикистон дар ҳар давлате, ки ҲУКУМАТИ ҚОНУН вуҷуд дорад, иттифоқ меафтод, прокурораш аз 1 октябри соли равон чандин корманди милиса, ҷамоат ва комиссариати ҳарбиро бе ягон мушкил паси панҷараи зиндон ҷо карда буд…

Аҷиби кор дар ҳамин, ки баъди ин ҳама бебодгариҳои “Облава” дар якуним моҳи охир ҳеҷ мақомоти давлати садо баланд накард, ба истилоҳе “ҳама гӯш зери тоқӣ” хомӯширо ихтиёр карданд.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.