Талабшо Муқимов дар Амрико чӣ кор мекунад?

Магар Талабшо яку якбора тарки саҳна ва касби журналистӣ кард?

Талабшо Муқимов, баранда ва муаллифи чандин барномаҳои телевизионӣ аз қабили “Паймон”, “Мумтоз” ва дигар барномаҳо вақтҳои охир дар саҳнаи Тоҷикистон дида намешавад. Магар Талабшо яку якбора тарки  саҳна ва касби журналистӣ кард?

Талабшо Муқимов дар суҳбат  бо ҳафтаномаи “Оила” далели ин амрро ба вазъи душвори зиндагӣ ва мушкилоти молӣ марбут хондааст.

Вай гуфтааст: “Вазъи иқтисодии хонавода маро маҷбур кард, муваққатан саҳнаи ҳунарро ба майдони муҳоҷирати меҳнатӣ иваз кунам, вале нақшаҳои зиёди эҷодӣ дорам. Вақте аз Амрико баргаштам, аввал мехоҳам филми тозаи ҳунарӣ ба навор  бигирам ва бо мухлисонам дар толор вохӯрам”.

Ҳамасола теъдоди зиёди  журналистон ба иллати ночиз  будани  маош дар Тоҷикистон ва мушкилоти зиндагии худ  тарки майдони хабарнигорӣ намуда, умдатан роҳи тиҷоратро пеш мегиранд, ки ин хеле нигароникунанда аст. Сабаби  зиёд ба муҳоҷират рӯ овардани рӯзноманигорон ба кишварҳои хориҷиро мо аз коршинос, рӯзноманигор Раҷаби Мирзо пурсон шудем:

“Албатта, ин раванд танҳо хос ба кишвари мо нест. Дар тамоми дунё ҳамкасбони мо бо ҳамин мушкил рӯ ба рӯянд. Хоса пас аз он ки журналистикаи шаҳрвандӣ ва интернет ҷойгоҳи касбии моро ҳарчӣ тангтар мекунад. Аммо фазои журналистии Тоҷикистон чанд вижагии хос дорад.

Якум, журналистикаи тоҷик, хоса журналистикаи мустақил ҳарчӣ зиёдтар камбағалтар мешавад ва бо буҳрони молӣ рӯ ба рӯ. Бо ду сабаб: 1) вусъат ёфтани интернет ва аз даст додани эътимоди мухотабон, 2) бозори заифи реклама ва фурӯши контент.

Дуюм, хеле аз ҳамкасбони мо ҳанӯз ҳам побанди журналистикаи классикӣ боқӣ мондаанд, дар ҳоле, ки майлонҳои нави журналистӣ (трендҳо) ҳамарӯза иваз мешаванд. Пайдо шудани чандрасонаӣ, Дата – журналистика ва амсоли ин барои ҳифзи журналистика дар дунё мавриди истифода қарор гирифтаанд. Дар мо бошад, ҳамоно журналистикаро танҳо дар навиштани матн, пахши навор ё садо мебинанд, ҳол он ки ин корро акнун блогерҳо ва намояндаҳои журналистикаи шаҳрвандӣ ҳам анҷом медиҳанд.

Сеюм, онҳое ҳам, ки майлонҳои нави журналистиро аз худ кардаанд, наметавонанд ҷойгоҳи худро ёбанд. Зеро: а) на ҳамаи сомонаҳои ВАО зарфияти нашру пахши онҳоро надоранд, б) матолиби майлонҳои нави журналистӣ заҳмати зиёд ва ҳаққи қалами бештарро талаб мекунад, ки ВАО и ватани имкони пардохти онро доранд.

Чорум, аз ҳама муҳим аст: мо мехоҳем ё не, фаъолияти журналистика аз фазои умумии иҷтимоиву сиёсӣ вобастагӣ дорад. Вақте журналисти касбӣ наметавонад бо сабабҳои айниву зеҳнӣ тамоми иқтидори касбии худро роҳандозӣ намояд, ӯ маҷбур мешавад, ки на танҳо аз касб, балки аз кишвар ҳам берун равад!

Ширин Тоҳирӣ,

хабарнигор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *