Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Талбандаҳои сохта. Чаро мардум ба онҳо бовар карда пул медиҳанд? (Видео)

Ҳамарӯза дар роҳ бо талбандаҳо вомехӯрем, таваллову зорӣ мекунанд, ки барояшон ҳадди ақал як сомонӣ диҳем, то нон харанду гурусна намонанд. Аммо қисми зиёди мардум шикоят аз он доранд, ки ин талбандаҳо «сохта» ҳастанд ва аз зиндагӣ танқисӣ намекашанд, мехоҳанд, ки пули муфт ба даст оранд.

Бо ҳамин мақсад хабарнигори сомонаи Pressa.tj ба маркази шаҳр баромад, то дар нақши талбандаи «сохта» аз роҳгузарон пул биталабад. Натиҷа ин шуд, ки дар муддати ним соат хабарнигор зиёда аз 50 сомонӣ ҷамъ кард.

Чаро мардум шикоят мекунанд, ки талбандаҳо «сохта» ҳастанду боз дилсӯзӣ карда барои онҳо пул медиҳанд? Магар ин айби худи мардум нест, ки талбандаҳоро одат кунондаанд?

Далел? Ҳамин таҷрибаи иҷтимоӣ аст.

Видеоро инҷо бинед

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.



arzon.tj