Тамоку ба ҳаёти инсон бештар хатар дорад ё нос?

Тибқи натоиҷи тадқиқоти ахир, ки дар соли 2016 дар Тоҷикистон гузаронида шуд, 29, 9 дарсади сокинони калонсол тамоку истеъмол мекунанд, ки аз ин ҷумла 25,7 дарсад мардон ва 2,2 дарсад занон мебошанд.

Тибқи натоиҷи тадқиқоти ахир, ки дар соли 2016 дар Тоҷикистон гузаронида шуд, 29, 9 дарсади сокинони калонсол тамоку истеъмол мекунанд, ки аз ин ҷумла 25,7 дарсад  мардон ва 2,2 дарсад занон мебошанд.

Ин нукта имрӯз дар ҳамоиши Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) дар иртибот ба  Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо тамоку дар толори Агентии миллии иттилоотии “Ховар” таъкид шуд. Дар ин ҳамоиш  намояндагони СҶТ, намояндагони вазорати тандурустӣ  ва рӯзноманигорон иштирок доштанд.

Тибқи маълумоти СҶТ, вобаста ба истифодаи тамоку дар байни аҳолӣ Тоҷикистон дар миёни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мақоми 9-ум ва дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ мақоми 3-юмро ишғол менамояд.

Бино ба маълумоти Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ҳамасола дар ҷаҳон зиёда аз  8 миллион нафар аз бемориҳое, ки ба тамокукашӣ вобастаанд, фавт мекунанд.

Ҳамчунин, тамоку қобилияти зеҳнии инсонро суст гардонида, ба шуш зарар мерасонад. Дар натиҷа инсон ба бемории дилу рагҳо ва асаб гирифтор мешавад. Дар натиҷаи истифодаи тамоку ё сигор дар инсон бемории сарчархзанӣ, дарди сар, дард дар ковокии даҳон, захмҳои гуногун пайдо мегарданд. Тамоку шахсро ба бемории варами меъда, ҳолатҳои асабонӣ, нооромӣ ва бехобӣ гирифтор мекунад.

Дар Тоҷикистон низ баҳри пешгирии хатари тамоку ва мубориза ба истеъмоли он корҳои зиёд анҷом дода мешаванд. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» дар таҳрири нав  2 январи соли 2018 аз тарафи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расида, ба ҳифзи солимӣ ва пешгирии бемории аҳолӣ равона гардидааст. Он ҳамзамон истеҳсол, содироту воридот ва фурӯши маҳсулоти тамокуро дар мамлакат танзим менамояд.

Бояд гуфт, ки дар синни кӯдакӣ ва наврасӣ таъсири тамоку метавонад сабаби ҷиддии халалёбии саломатӣ гардад.  Шахси  тамокукаш на танҳо ба саломатии худ, балки ба наздиконаш низ таъсир мерасонад. Таъсири тамоку дар занон ҳангоми ҳомиладорӣ дар давраи дохилибатнӣ метавонад эҳтимолияти мурдатаваллудкунӣ ва нуқсонҳои модарзодиро зиёд намояд.

Тибқи таҳлили мутахассисон, дар як дона тамоку зиёда аз 4 ҳазор намуд моддаҳои химиявӣ мавҷуд буда,  аз онҳо 250 намудашон зараровар ва 50 намуди дигарашон бавуҷудоварандаи бемории саратон мебошанд.

Соли 2015 мутахассисони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар Тоҷикистон аз якчанд нуқтаҳои носфурӯшии шаҳри Душанбе намунаи нос гирифта, онро ба маркази саратоншиносии Амрико ва Маркази таҳлили химиявии шаҳри Москваи Федератсияи Россия равон карданд.

Маълум гардид, ки  дар таркиби нос миқдори зиёди моддаҳои химиявии  сахттаъсир,  ба монанди хром, никел, марги муш ва сурб мавҷуданд, ки ин моддаҳо ба гурӯҳҳои дуюм ва сеюми хатарнок  дохил мешаванд.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ ва мутахассисони соҳаи тиб аз истеъмоли тамоку миёни бонувон дар ташвиш афтодаанд. Қариб 90 фоизи заноне, ки ба истеъмоли тамоку машғуланд, ҳатто дар овони ҳомиладорӣ низ ин амали худро идома медиҳанд, ки ин раванд ба саломатии онҳо хатар дорад. Таъсири тамоку дар давраи дохилибатнӣ метавонад нуқсонҳои модарзодиро зиёд намояд.

Ширин Тоҳирӣ, хабарнигор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *