Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Танҳо 5 гуруҳи одамон Русия рафта метавонанд. Кадомҳо?

Дар шароити имрӯза, ки пандемияи коронавирус дунёро пахш кардааст, яке аз масъалаҳои доғ ва то ҳол ҳалнашуда ин парвозҳои байналмилалӣ мебошанд.

Парвозҳои байналмилалӣ барои мардуми Тоҷикистон зиёдтар барои он муҳиманд, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия мераванд. мо дар зер панҷ намуди одамонеро меорем, ки пас аз 16-уми марти соли оянда ҳам метавонанд ба Русия сафар кунанд.

Шахсоне, ки ВНЖ ё санади иқомати доимӣ дар Русияро доранд. Вале шахсоне, ки бо ин санад баъди 16-уми марти 2020 ба Тоҷикистон омадаанд, бо парвози чартерӣ ба Русия рафта наметавонанд. Онҳое, ки ВНЖ доранд ва аз ин пештар омада буданд, метавонанд, сафар кунанд;

Шахсоне, ки ширкаткунандаи барномаи кӯчбандӣ ё “Переселение” ҳастанд ва ҳамчунин аъзои оилаи онҳо ба парвозҳои чартерӣ аз Тоҷикистон ба Русия роҳ дода мешаванд;

Агар ҳамсар, фарзанд ва ё падару модари шахс шаҳрванди Русия бошад. Мусофир бояд дар ин бора ҳуҷҷати тасдиқкунандаро пешниҳод кунад;

Агар шахс бо ҳадафи табобат ба Русия биравад ва барои исбот аз ягон беморхонаи Русия даъватнома барои табобат ё аз Вазорати тандурустии Русия санад пешниҳод кунад;

Агар хеши наздик, аз ҷумла ҳамсар, волидон ва ё фарзанди шахс дар Русия бемор аст ва ӯ ба парасторӣ ниёз дорад. Ин қабил афрод ҳам бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ метавонанд вориди Русия шаванд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.