Танкистони тоҷик аз ҳама зӯр баромаданд

Дар майдони Алабинои шаҳри Маскав даври шашуми сабқати «Биатлони танкӣ» баргузор гардид. «Биатлони танкӣ» — дар доираи бозиҳои АРМИ — 2020 баргузор мешавад.

Дастаи Тоҷикистон имрӯз бори севвум баромад кард ва бори дуввум дар гурӯҳи худ мақоми аввалро гирифт.
Пирӯзии даста ба шарофати ҳунари ронанда-механик даст дод, ки хеле хуб камбудиҳои тирандозро ҷуброн кард. Ҳунари тирзании экипажи Тоҷикистон он қадар хуб набуд, даста як тир ҳам ба нишон нарасонд.
Вале бо вуҷуди ин, дастаи танкчиёни тоҷик масофаи муқараргардидаро дар давоми 26-21 ва 29-22 паси сар карда, ба гирифтани ду ҷойи аввал мушарраф шуданд. Гурӯҳи низомиёни Лаос ин масофаро дар муддати 31-23 дақиқа тай карда ҷойи сеюмро аз худ намуд.
Дастаи Конго ба далели хатогии бузурги ронанда, ки қоидаҳои бехатариро нақз кард аз идомаи бозӣ маҳрум гардид. Ёдрас мешавем, ки давр даври аввал дастаи Тоҷикистон дуюм шуда ба марра расид, вале дар даври дуюм натиҷаи хуб нишон додаву аввалин шуда масофаро тай кард.
Имсол аз Тоҷикистон 4 экипажи танкӣ зери раҳбарии муовини фармондеҳи қӯшунҳои хушкигард оид ба аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ Маҳмадалӣ Ашуров дар озмуни «Биатлони танкӣ» ширкат меварзанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *