Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Тарғибгари рақси тоҷикӣ дар Олмон

Тарғибгари рақси тоҷикӣ дар Олмон

Лола Шарипова Ӯ ҳамеша дар ҷустуҷӯст. Аз шукуфтани гулу дамидани сабза, ларзиши барги дарахтон, резиши барфу борон, вазиши боду накҳати гул, рақси кабӯтарону хиромидани кабкони дарӣ маъно меҷӯяд ва ин ҳамаро дар рақс бо мазмуну ҳаракатҳои мавзуну назаррабо мехоҳад, ки ҷой диҳад. Рақсҳояш таҷассумгари зебоиҳои ҳаёт, меҳнату зиндагии осоишта, муҳаббати поку беолоиш ва бахту саодати мардум аст.

Замоне мехост ба дунёи рақам ва ҳисобу китоб ғуттавар гардад, вале бо мурури замон фикраш тағйир хӯрд. Майлу хоҳишаш ба пешаи суханварӣ – журналистика бештар гардид. Аммо аз овони хурдсолӣ шефтаву дилбохтаи арғушт рафтан буд.

Дунёи рақс

Ҳар гоҳ оҳанге садо медод, зуд аз ҷой бархоста зери савти мусиқӣ бо нозу карашмаи хоси кӯдаконааш мерақсиду мехиромид. Дилбохтаи санъати рақс буданашро модар эҳсос кард ва ӯро ба омӯзиши рақс гузошт. Он замон тақрибан 5 сол дошт. Навъҳои гуногуни рақси арабиро аз бар намуда, дар чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ бо маҳорати махсусе иҷро менамуд.

Дар синфи дуюми таҳсил буд, ки яке аз ҳамдарсонаш ба ӯ чӣ гуна иҷро намудани рақси миллии тоҷикиро нишон дод. Барои Лолаи шайдои ҳунар ин навъи рақс писанд омад. Рӯзи дигар якҷо бо он ҳамдарсаш, ки барои таҷлили ҷашни Наврӯз арғушт рафтанро машқ менамуданд, ба толори тамрин мераванд.

Бо дили кӯчаку саршори орзуҳо ва нигоҳи кунҷковона ҳар як баромади ҳунармандонро бо шавқу рағбати беандоза тамошо мекард. Шурӯ шавқи рақс дар вуҷудаш ҷӯш мезад. Ӯ дар қатор аз ҳама охир истода, ҳар амалеро, ки устоди тамрингар мефармуд, иҷро мекард. Зебо рақсиданҳои ӯ аз назари муаллимаи рақс аз гурӯҳи рақсии “Гулноз” дур намонд ва ӯро вориди гурӯҳ сохт. Муаллима ӯро низ рақсидан омӯхт. Ҳамин тавр, Лола аз рақси арабӣ рӯ ба рақси миллии тоҷикӣ овард.

Гимназияи Гёте роҳ ба сӯи HAW Hamburg

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.