Тасарруфи як милион сомонӣ аз ҷониби муассиаи тиббӣ

Масъулини муассисаи тандурустии шаҳри Бӯстон беш аз як миллион сомонӣ маблағҳои давлатиро аз они худ кардаанд. Дар ин бораи «Sputnik Тоҷикисион» дар такя ба нишасти матбуотии Ҳабибулло Воҳидов, прокурори Суғд хабар медиҳад.

Номбурда гуфт, давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 109 парвандаи ҷиноии дорои хусусияти коррупсионидошта аз ҷониби кормандони мақомоти прокуратура дар Суғд оғоз карда шудааст.

«Масалан Маркази кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Бӯстон, ки яке аз муассисаҳои давлатӣ мебошад, дар вақти санҷишҳои прокурорӣ муайян карда шуд, ки зиёда аз як милион сомониро азони худ кардаанд. Ибтидо мо нисбати 529 ҳазор сомонӣ парвандаи ҷиноиро нисбати масъулони ин муассиса ба анҷом расонида ба суд ирсол намудем. Суд ҳукм баровард ва ин миқдор маблағ аз ҷониби гунаҳгорон барқарор карда шуд», -гуфт Воҳидов.

Прокурори вилояти Суғд афзуд, он парвандаҳое мавриди тадбиқи қонуни авф қарор дода хоҳад шуд, ки агар азхудкунии маблағҳои давлатӣ барқарор карда шавад, дар акси ҳол чунин парвандаҳо бо тасдиқи фикри айбдорӣ ба суд фиристода мешавад.

Воҳидов иброз намуд, ки дар ин самт тафтишоти парванда нисбати 500 ҳазор сомонии тасарруфшуда дар ин муаасисаи тиббӣ давом дорад.

То ин вақт дар ҷараёни тафтишот 360 ҳазор аз 500 ҳазор сомонӣ маблағи давлатии тасарруфшуда дар Маркази кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Бӯстон барқарор шудааст, вале нисбати маблағи боқимонда ҳамоно таҳқиқ давом дорад.

Прокурори Суғд, яке аз самтҳои кори ин ниҳодро мубориза бо коррупсия маънидод карда, гуфт бар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бо коррупсия” мақомоти прокуратура аз субъекҳои муборизабаранда бо зуҳуроти коррупсия маҳсуб дониста мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *