Ташхису табобати бемории норасоии ВНМО (ВИЧ) дар қаламрави ҷумҳурӣ ройгон аст

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки пеш аз сафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ аз хатари сироятёбии бемории вируси норасоии масунияти одам ва воситаҳои пешгирии он дар марказҳои тиббӣ огаҳӣ пайдо намуда, ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ будан  худро аз он эҳтиёт намоянд ва дар  бозгашт ҳатман аз ташхиси бемории мазкур гузаранд.

 Мавзӯи бемориҳои сирояткунанда, бахусус бемории норасоии масунияти одам (ВНМО; ВИЧ) кишварҳои оламро ба ташвиш овардааст. Бемории вируси норасоии масунияти одам яке аз мушкилоти ҳифзи саломатии инсон дар ҷаҳони имрӯза шинохта шудааст.  Ҳамасола теъдоди зиёди одамон дар ҷаҳон аз ин беморӣ сироят меёбанд ва ба ҳалокат мерасанд.  Омили асосии он беэҳтиётӣ ва надонистани чораҳои пешгирӣ аз сироятёбӣ мебошад.

Тибқи хулосаи мутахассисон, хатари сироятёбӣ аз ин беморӣ дар давраи муҳоҷирати меҳнатӣ бештар ҷой дошта, он аксар маврид тавассути хунгузаронӣ, алоқаи ҷинсӣ ва аз шири модари сироятёфта мегузарад.

Ҳукумати мамлакат дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва аҳли ҷомеа барои пешгирӣ ва аз байн бурдани ин беморӣ барномаҳои мушаххасро татбиқ намуда истодааст.  Марказҳои саломатӣ ва тарзи ҳаёти солим дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбута корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат мебахшанд.

 

Бемории ВНМО аз ҳамаи бемориҳо, ҳатто аз саратон ҳам бештар хатарноктар аст, вале ташхису табобати ин беморӣ имкон дорад ва он дар саросари  Тоҷикистон  ба таври ройгон ба роҳ монда шудааст.

Саломатии худ ва фарзандонатонро ҳифз намоед ва иттилои мазкурро ба дӯстону наздикон расонед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *