Ташкили фоҳишахона дар Душанбе

 Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон,  сокини 32-солаи  ноҳияи Синои пойтахт бо гумони ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона дастгир шудааст.

Номбурда рӯзи 28-уми сентябри соли 2019, тахминан соати 11:30-дақиқа, хонаи истиқоматиашро бар ивази 150 сомонӣ ба марди 19-солаи сокини шаҳри Ваҳдат ва зани 25-солаи сокини ноҳияи Фархор, барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит муҳайё намудааст.

Инчунин, номбурда санаи 21-уми ноябри соли 2019, тахминан соати 10:00, дар хонаи истиқоматиаш, бар ивази 150 сомонӣ ба марди 32-солаи сокини шаҳри Ваҳдат ва зани 25-солаи сокини пойтахт, барои алоқаи ҷинси намудан шароит муҳайё намудааст.

Тавре мақомот хабар медиҳад ин зан ду рӯз пеш яъне  рӯзи 27-уми ноябри соли 2019, тахминан соати 16:00 хонаи истиқоматиашро бар ивази 150 сомонӣ маблағи пулӣ, ба марди 23-солаи сокини шаҳри Душанбе ва зани 17-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит муҳайё намудааст ва дар ин ҳангом аз тарафи мақомоти қудрати дастгир шудааст.

Тибқи иттило ВКД аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *