Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ташриф Халилов: Ҳадаф мусобиқа не, балки кӯмак ба 1000 оилаи ниёзманд аст

Чанд рӯзи охир дар шабакаи YouTube наворе чарх мезанад, ки дар он ширинкори шинохтаи тоҷик Ташриф Халилов 250 таксӣ даъват кардаву ба хонаи 250 оилаи ниёзманд маҳсулоти хӯрока равон мекунад. Баъзе корбарон кӯмаки Ташриф Халиловро амали савоб унвон карда ситоиш ва бархе пиар – худреклама гуфтаву интиқод мекунанд.

Чанд вақти охир барномаҳои кӯмак ба ниёзмандон тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Ду моҳ қабл корбари фаъоли YouTube Мансур Негматов низ бо 100 таксӣ ба ниёзмандон кӯмак фиристода буд.

Сарпарасти асосии амалҳои неки блогерон ва ҳунармандон  муҳоҷирони меҳнатӣ ҳастанд, ки дар Федератсияи Русия ба сар мебаранд. Ташаббускорон нахуст барномаи кӯмакро тарҳрезӣ карда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълон мекунанд ва муҳоҷирони кории мо то андозаи тавоноӣ ба суратҳисобҳои нишондодашуда маблағ мефиристанд. Ин маблағҳо дар суратҳисоб ҷамъ шуда, баъдан ба корҳои хайриявӣ сарф мешавад. 

Аз ҷумлаи чунин ташаббускорон ширинкори шинохтаи тоҷик Ташриф Халилов шуд, ки 250 таксӣ даъват кардаву ба 250 оилаи ниёзманд маҳсулоти хӯрока фиристод.

Дар бораи ин ташаббуси наҷиб мо бо Ташриф Халилов суҳбати кутоҳ доштем, ки фишурдаи онро пешкаши шумо мекунем:

— То ҷое медонем ду моҳ пеш Мансур Негматов бо 100 таксӣ ба оилаҳои муҳтоҷ хайр кард ва ҳоло Шумо бо 250 таксӣ ин амали хайрро анҷом додед. Шумо инро мусобиқаи хайркунӣ гӯем хато намекунем?

— Не, инро мусобиқа гуфтан хато аст, зеро мо ба қавле бо касе “тезравак” накарда истодаем. Мо ҳамроҳи ширкати “Сабо” бо ёрии бародарони ғариб ва чанде аз ва ҳаммаслаконамон хайрҳои зиёд мекунем. Ҳатто буд вақте ки мо ба 500 оилаи муҳтоҷ хайр кардем. Чаро мо бо 250 таксӣ ин корро анҷом додем? Зеро чанд рӯз пеш нафаре ваъда кард, ки агар касе бо 200 таксӣ кӯмак фиристад ман бо 1000 таксӣ хайр мекунам. Агар ӯ ваъдаашро иҷро кунад, боз ҳазор ниёзманд ба хӯроки чанд ҳафтаина ё моҳона таъмин гарданд.

— Пас ин амали хайрро дар YouTube гузоштан чӣ маъно дорад?

— Сабаби ин ва дигар наворҳоро ба сомонаи YouTube гузоштан пеш аз ҳама ба ҳама он нафароне, ки саҳм мегузоранд нишон додан ва баъдан талқини кори хайр, ки дилхоҳ нафар доранда онро иҷро карда метавонад. 

— Ниёзмандону муҳтоҷонро чӣ гуна пайдо мекунед?

— Нахуст бояд бигӯям, ки Ширкати хайриявии “Сабо” тӯли 4-5 сол мешавад, ки ба ҳамин гуна корҳо машғул мебошад. Чун он ширкати қонунан дорои иҷозати фаъолият аст, албатта, ки ятимону оилаҳои ниёзманд ба он муроҷиат мекунанд. Яъне як рӯйхати махсус аст, ки дар он маълумот оид ба хайрқабулкунандагон дарҷ шудааст.

— Чаро махсус 250 нафар?

— Аслан дар рӯйхати мо 210 нафар буд, аммо он рӯз дидем, ки баъзеҳо ҳамсояҳову шиносҳояшонро низ оварданд, ки дар натиҷа 250 нафар шуданд. 

— Маҳсулоти хайршуда аз чиҳо иборат буд?

— Маҳсулоти ниёзи мардум. Орду равғану картошкаву пиёзу…

— Чаро ба воситаи “Олу4а-таксӣ”?

— Агар манзуратон рекламаву даромади иловагие бошад хато мекунед. Ҳатто аз ин ширкат ба мо гуфтанд, ки имкони додани 20-25 таксии ройгонро дорем, вале мо рад кардем. Яъне мақсади мо реклама набуд ва нест.

 Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.