Таъсиси “Донишкадаи илмҳои дақиқ ва технологияи Тоҷикистон” дар шаҳри Хуҷанд

Дар маркази маъмурии вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд боз як муассисаи олии касбӣ-Донишкадаи илмҳои дақиқ ва технологияи Тоҷикистон таъсис меёбад. Дар ин бора Дафтари матбуотии Раиси шаҳри Хуҷанд иттилоъ медиҳад.

Донишкадаи мазкур баҳри дар амал татбиқ намудани барномаи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, барои солҳои 2020-2040” аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ Нуриддин Қосимов ва Комил Комилов таъсис ёфта, дар назар аст, ки рӯзҳои наздик иҷозатномаи Вазорати маориф ва илми кишварро ба даст меорад.
Пойгоҳи донишкада аз ду факултет-факултети фанҳои дақиқ ва технология ва факултети муҳандисӣ, бизнес ва идоракунӣ иборат буда, дар доираи 20 ихтисос кадрҳои ба бозори меҳнат ҷавобгӯро омода мекунад.
Донишкадаи илмҳои дақиқ ва технологияи Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар навбати аввал 900 нафар донишҷӯро қабул намуда, дар маҷмӯъ, имкони ба таълиму тарбия фаро гирифтани 4500 нафар донишҷӯро дорад.
Амони Муҳаммад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *