Таъсиси Маркази омӯзишӣ ва бозомўзии наҷотдиҳандагон дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон Маркази омӯзишӣ ва бозомўзии наҷотдиҳандагон таъсис дода мешавад. Ин масъала зимни вохӯрии раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Рустам Назарзода бо ҳайати Маркази Шоҳ Салмон оид ба фаъолияти башардӯстонаи Арабистони Саудӣ таҳти роҳбарии Аҳмад Албазм муҳокима гардид.
Тавре ки  аз маркази матбуоти кумитаи мазкур хабар доданд, дар мулоқот ҳамчунин масоили ҳамкорӣ дар соҳаи коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ ва фалокатҳои техногенӣ, аз ҷумла, масъалаҳои омўзиш ва бозомўзии наҷотдиҳандагон, ҳайати шахсии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, инчунин роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ва аҳолӣ оид ба масъалаҳои вобаста ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ баррасӣ гардиданд.
Бо мақсади шиносоӣ раиси кумита ва ҳайати меҳмонон аз  Маркази таълимии оянда дидан  карданд.
Пас аз анҷоми мулоқот, Маркази Шоҳ Салмон оид ба фаъолияти башардӯстонаи Арабистони Саудӣ  ҷиҳати расонидани кумаки молиявӣ дар барқарор намудани Маркази таълимии кумита қарор қабул намуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *