Тасмими Путин ва ташрифи Раббонӣ

Ташрифи вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Салоҳиддин Раббонӣ (писари собиқ Раиси ҷумҳури Афғонистон Бурҳониддин Раббонӣ) замоне ба вуқӯъ пайваст, ки Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба кишварҳои Осиёи Марказӣ (Қирғизистон ва Тоҷикистон) тасмими сафар гирифт. Шояд ин ду сафар ба ҳам иртиботе надошта бошанд, вале печидагии авзоъ, дигарбора кӯшиши тақсими ҷаҳону  ба кишварҳои дигар таъсиргузории абарқудратҳо ба чунин андеша водор месозад. Волоияти сиёсат бар иқтисод дар заминаи таҳаввулоти ахире, ки дар ИМА сурат гирифт, шаҳодат аз он медиҳад, ки дар муносибат бо Русия, Осиёи Марказӣ, Ховари Миёна, Афғонистону Эрон нигоҳи Амрико тағйирнопазир аст. Дар ин вазъ мамолике чун Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар андеша ва ҷустуҷӯи чатре ҳастанд, ки зери он аз селборони сарду марговар паноҳ баранд. Ин чатр дар минтақа, албатта, дар дасти фармонравоёне чун Амрико, Русия, Чин қарор дорад. Ҳарчанд давлатҳое чун Эрон, Туркия, кишварҳои араб дар талоши бунёди чунин як салтанати аздастрафтаю таъсиргузорӣ дар ин минтақа ҳастанд. Вале омилҳои зиёде ҳастанд, ки дар ин тахтаи шоҳмоти сиёсат аз каҷрафтории асп, ростмаромии пиёда нақши фарзинро кунду тира месозанд. Муштаракоти Афғонистону Тоҷикистон, талоши дуюмӣ дар арсаи байналмилал ҷиҳати истиқрори сулҳ дар кишвари ҳамсоя, ки тавонад як камарбанди амниятӣ на танҳо барои Тоҷикистон, балки тамоми Осиёи Марказӣ гардад, ҳанӯз ғӯраеро мемонад, ки метавонад тӯъмаи сармо шавад. Такя ба қавму миллиятҳои ҷудогона дар шароити ҷаҳонишавӣ (глоболизатсия) маънии эътимод ба ангуштони ҷудогона бастанро дорад, ки барои ба бор овардани мушти қавӣ ҳануз ба ҳам фишурда нагаштаанд. Аз ин ҷост, ки абарқудратҳо дар Афғонистон барои таъсиргузорӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ истифода аз қавмҳо мекунанд. Гоҳҳо ин нимкосаи зери коса аз назари давлатҳои кӯчак пинҳон мемонад. Дар ин замина  абарқудратҳо на танҳо аз намояндагони ин қавмҳо гумошта ба кишварҳои ҳамқавмашон мефиристанд, балки нифоқ байни ин қавмҳо бармеангезанд, дар вуҷуди ҳар кадоми онҳо эҳсоси бузургманиширо мехоҳанд бедор созанд, ки бо чашми гурусна ба ҳамсоягони сери ҳамқавмашон назар андозанд. Дар чунин ҳолат ҳушёрии сиёсӣ пешорӯи шиками гурусна қудрат ва тавоноии хешро аз даст медиҳад. Вале аз суҳбат ва мулоқотҳои Салоҳиддин Раббонӣ бармеояд, ки барои мардуми ҳамтабори Афғонистон солҳои  фоҷиабори  бар сари мардуми тоҷик омада ҳанӯз фаромӯш нагаштааст.

«Нақши устод Бурҳониддин Рабонӣ ва Қаҳрамони миллӣ Аҳмадшоҳи Масъуд ба ҳама маълум аст,- зикр намуд ӯ ҳини суҳбат. — Таъқиди онҳо чунин буд, ки сулҳу амният дар Тоҷикистон зудтар барқарор шавад. Ин амалӣ шуд, ки ба манифиати ҳар ду миллати ҳамзабону ҳамсоя аст».

Тоҷикистон низ дар рӯзҳои сахти бар сари мардуми Афғонистон омада хотироти дирӯзро ба гӯшаи фаромӯшӣ наандохт. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз минбари СММ ва минбарҳои дигари муътабар суханашро аз таъмини сулҳу оромӣ дар Афғонистон оғоз мекард. Ин талошҳои ӯ дар зеҳни мардуми ин кишвар бе асар намонд. Дар як нишасти наврӯзӣ дар Афғонистон собиқ Раиси ҷумҳури ин кишвар Ҳомид Карзай ҳангоми сухан додан ба Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз кард: «Сухан ба раиси ҷумҳури худатон». Ин сухани ӯ кафкӯбии пурмавҷро ба миён овард.

Талошҳои Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ аз нигоҳи мардум ва руъасои Афғонистон дар канор намонд. Вазири корҳои хориҷа Саллоҳиддин Раббонӣ  низ дар ишора ба он гуфт: «Мардуми Тоҷикистон ҳамеша дар мавзӯъҳои мухталиф дар паҳлуи мардуми Афғонистон буданду ҳастанд. Мо шоҳид ҳастем, ки Афғонистон мувоҷеҳ дар масоили терроризму муҳоҷир буд, аммо дӯстони тоҷикистонӣ дар муқобилият алайҳи терроризм дар Афғонистон дасту панҷа нарм мекарданд. Дӯст ва мардуми бародари Тоҷикистон доимо аз мардуми Афғонистон ҳимоят кардаанд. Замоне   буд, ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳид аст, ки тақрибан Афғонистон ноором шуда буд, Тоҷикистон дар раъси як қатор мамлакатҳо  дар хидмати Афғонистон буд. Мо инро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунем».

Ҳанӯз ҳам Афғонистон дур аз оромӣ аст. Таъмини оромӣ дар Ховари Миёна эҳтимолияти густариши нооромиро дар Афғонистон бештар месозад. Забон як кардан, бо ҳам омадани гурӯҳҳои мухолиф дар Афғонистон бо ДИИШ, ки дар суханони Салоҳиддин Раббонӣ таъкид ёфт, на танҳо барои Афғонистон, балки барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия хатаровар аст. Агар”Толибон” аслан иборат аз мардуми таҳҷоӣ ва ҳадафҳояш дар дохили Афғонистон анҷомпазир бошад (ҳарчанд мансубияти қавмӣ талоши ба ҳам омадану шикастани марзҳоро истисно намекунад), ДИИШ мақсадҳоеро ба пеш гузоштааст, ки аз манфиати абарқудрате алайҳи абарқудрати дигар бармеояд.

Русия империяе ҳаст, ки аз мавқеи қариб дар муддати  200 сол дар Осиёи Марказӣ ба дастовардааш маҳрум гаштан намехоҳад. Як қадами ба истилоҳ ноҷои дар давраи елсинӣ ақиб гузоштааш водор сохтааст, ки ду қадам пеш гузорад. Ба ҳам омадани манфиатҳо ва мубориза алайҳи абарқудрати дигар ӯро водор сохтааст, ки дар заминаи манфиат бо “Толибон” ба созиш ояд. Албатта, ин созиш мудом нест. Умуман, дар сиёсат мафҳуми мудом вуҷуд надорад.

Ҳар кишвар дар интихоби шарикон соҳибихтиёр аст. Аммо дар интихоби ҳамсоягон дасткӯтоҳ. Сарнавишт давлатҳо, миллатҳоро ҳамсоя ва баъзан ҳамтақдир месозад. Дар ин ҳамсоягӣ хушбин мебояд буд. Ва ин хушбиниро дар ин сафари худ Салоҳиддин Раббонӣ таъкид намуд:

“Дар нишаст ва вохӯрӣ бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ва Раиси Парлумон Шукурҷон Зуҳуров дар мавзӯъҳои густариши  равобити тиҷорӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, ҳамоҳангӣ  ва эҷоди комиссияҳои амниятӣ  гуфтугӯҳои судманд анҷом додем.    Дар оянда мо шоҳиди пешрафтҳои зиёд хоҳем шуд”.

Масъалаи дигари суҳбат, ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон буд.  Зимни ин сафар бо роҳбарони мақомоти расмии Тоҷикистон боз мавзӯъҳои дигари ҳамкорӣ, лоиҳаи бузурги  CАSА- 1000, роҳи оҳани Тоҷикистон, Туркманистон ва Афғонистон буд. Боз хати оҳани панҷ кишвар:  Чин, Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Эронро ҳам мавриди муҳокима қарор додем. Мавзӯи тиҷорати байни кишварҳо муҳим аст. Тамоми чораҳо меандешем, ки дар ин самтҳо кор бомуваффақият анҷом ёбад».

Шариф Ҳамдампур

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *