Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Татяна Москалкова: Русия барои бозгашти шаҳвандони Тоҷикистон омода аст

“Ҷониби Русия омода аст, ки дар бозгашти шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ватан кӯмак намояд. Аммо Тоҷикистон марзҳояшро бастааст”, гуфт Татяна Москалкова, Омбудсмен оид ба ҳуқуқи инсон дар Русия дар мусоҳиба бо РИА Новости.

Ҳоло зиёда аз 200 шаҳрванди Тоҷикистон мехоҳанд, ки аз Русия ба ватан баргарданд. Онҳо дар марказҳои будубоши муваққатӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ то хориҷ кардан ҷой дода шудаанд. Ҷониби Русия аллакай тамоми ҳуҷҷатҳоро тартиб дода, омода аст, ки онҳоро фиристад, аммо Тоҷикистон онҳоро қабул намекунад.
Татяна Москалкова гуфт, ки бо Сафорати Тоҷикистон ва Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар бораи бозгашти тоҷикон гуфтушунидҳо идома доранд. То ба ҳол шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ба ихтиёриён кумак кардаанд.

Дар Тоҷикистон, тибқи маълумоти охирин, то 14 апрел ягон нафар бемор ё мубтало нест. Ҳукумат марзҳоро бо мақсади пешгирии ворид шудани вирус ба Тоҷикистон баст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.