Тавсияи олимони амрикоӣ: дар карантин кӯшиши ҳомила шуданро накунед!

Дар карантин кӯшиши ҳомила шуданро накунед, тавсия медиҳанд олимони амрикоӣ ба занону шавҳарони ҷавон.

Чанд пажӯҳишгар аз Донишгоҳи Мэриленди Амрико дар нашрияи Nature Communications натиҷаҳои пажӯҳишашонро махсус дар ин бора мунташир кардаанд.

Аслан, то ҳол, таъсири коронавирус ба ҷанин пурра омӯхта нашудааст, мушкилии дигар дар карантин — стресс аст.
Изтироб ё стрессе, ки зану мард доранд, метавонад ба кӯдак таъсир кунад. Аз ҷумла стресс ба ташаккули мағзи сари кӯдак таъсир мерасонидааст.

«Бахшҳои дастгоҳи таносулӣ метавонанд маълумот дар бораи стрессро инъикос кунанд, ки ин ба ташаккули ҷанин бетаъсир намемонад», — омадааст дар хулосаи олимон.
Афзун бар ин, олимон муайян кардаанд, ки ҳормонҳои стресс метавонад таркиби РНК ва сафедаҳоро тағйир диҳанд, ки бино бар пешбиниҳо, ба рушди ҷанин таъсири мусбат доранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *