Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Tcell бо барномаи «Эко» ба экологияи Тоҷикистон ғамхорӣ менамояд

Tcell барои муштариён барномаи «Эко» -ро оғоз мекунад. Акнун ҳар як муштарии ширкат метавонад дар беҳбуди вазъи муҳити зисти Тоҷикистон саҳм гузорад.

Барномаи “Эко”- тарҳи иҷтимоии ширкати мухобиротии Tcell мебошад. Иштирок дар барномаи “Эко”-и Tcell ихтиёрӣ ва ройгон аст, яъне муштарӣ аснои иштирок дар он маблағи иловагӣ пардохт намекунад, саҳми онҳо аз ҳисоби пардохти ҳармоҳаи муштарӣ барои тарофа ва ё аз ҳисоби бастаи Интернет гирифта мешавад.

Муштариёне, ки нақшаҳои тарофавии Даркор 99 ва аз он болотар, ё Аъло 100 ва аз он болоро фаъол кардаанд, ба гунаи худкор (автоматӣ) иштирокчии барномаи “Эко” мешаванд. 1 сомонӣ аз пардохти ҳармоҳаи онҳо ба хазинаи Tcell барои лоиҳаҳои экологӣ интиқол меёбад.

Барнома инчунин як қатор бастаҳои интернетиро пешниҳод мекунад — аз бастаи Eco XS (750 МБ, 26 сомонӣ) то Eco L (20 000 МБ, 200 сомонӣ). Бо фаъол кардани мегабайтҳо муштариён иштирокчии барнома мешаванд ва аз пардохти ҳармоҳаи онҳо хайрия (аз 2 то 5 сомонӣ) ба фонди экологии Tcell гузаронида мешавад.

Tcell маболиғи ҷамъшудаи фондро ба тарҳҳои ҳифзимуҳити зист дар пойтахт ва минтақаҳои Тоҷикистон равона месозад. Саҳифаҳои Tcell дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаи расмии ширкатро пайгирӣ карда, огоҳ мешавед, ки кадом лоиҳаҳо ба нақша гирифта шуда, татбиқ мешаванд. Тафсилоти бештар дар сомонаи расмии Tcell https://www.tcell.tj

__________________

Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED — Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.