Tcell: Наврӯзро бо трафики дукарата истиқбол намоед!

Tcell кулли тоҷикистониёнро бо фарорасии ҷашни баҳору зебоӣ – Наврӯзи хуҷастапай табрик мегӯяд! Ширкат ҳамчун тӯҳфа ба муштариёни худ «Трафики дукарата» медиҳад!

Дар давраи аз 20 то 22 март, аснои фаъолсозии бастаҳои интернетии G5000 ва G10000, муштариён 2 маротиба бештар Интернет мегиранд. Яъне, бо фаъол кардани бастаи G5000 муштариён 10000 мегабайт ва ҳангоми фаъолсозии бастаи G10000 соҳиби 20000 мегабайт мешаванд.

Талаботи муштариён ҳамарӯза дар ҳоли афзоиш аст: онҳо бояд ҳамеша бо хонавода, дӯстон ва ҳамкасбон дар тамос бошанд, аз ҷумлаи аввалинҳо бояд бошанд, ки хабару навгониро дарёфт месозанд, ба таври онлайн дарс хонанду имтиҳон супоранд, беҳтарин навору филмҳоро боргирӣ намоянд. Трафики дукарата дар бастаҳои Интернет беҳтарин васила барои таҷлили Наврӯз ва табодули эҳсосоти баҳориву наврӯзӣ бо наздикону азизон аст.

Аз фасли баҳор, ҷашнҳои баҳорӣ ва муоширати бемаҳдуд бо Tcell лаззат баред!


Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED — Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *