Театри ба номи Меҳрубон Назаров дар Хоруғ ба истифода дода шуд

Рӯзи 21-уми август бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ, дар вазъияти тантанавӣ бинои нави Театри вилоятии мусиқӣ — мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назаровро барои 1000  ҷой нишаст ифтитоҳ гардид.

Санги асоси бунёди бинои 3-ошёнаи Театри вилоятӣ соли 2015-ум аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуда, корҳои сохтмонӣ дар иншоот аз соли 2016-ум шурӯъ гардида буд.

Фармоишгари бунёди театри вилоятӣ Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва паймонкори иншоот Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Бунёд” мебошанд.

Дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ 150 нафар сохтмончиёну меъморони касбии маҳаллӣ ба кор ҷалб шуда, биноро бо риояти талаботи ҳозиразамон бунёд кардаанд.

Тибқи  лоиҳа, театри вилоятӣ аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар масоҳати 0,54 садяк замин қомат афрохтааст. Дар таҳхонаи бинои театр толорҳои машқу тамрини ҳунармандон, толорҳо барои гузаронидани дарсҳо пешбинӣ гардидаанд, ки барои фаъолияти  назарраси ҳунармандон заминаи воқеӣ мегузорад.

Дар ошёнаи якуми бино миёнсарой, толори асосӣ барои саҳна, хонаҳои маданият бо утоқҳои либосивазкунӣ ва ҳуҷраҳои санитарӣ ҷойгир карда шудаанд. Дар толори асосии театр барои тамошобинон 1000 ҷойи нишаст фароҳам оварда шудааст.

Саҳнаи театри мазкур бо нақшу нигори миллии мардуми соҳибтамаддуни тоҷик гаҷкорӣ шуда, барои гузаронидани чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ мусоид мебошад. Дар ошёнаҳои 2-юм ва 3-юми бино ҳуҷраҳои маъмурияти театр, утоқҳои корӣ ва фароғати ҳунармандон ва устохонаҳои дӯзандагӣ ҷойгир шудаанд.

Ҳудуди бинои театри вилоятӣ бо тахтасангҳои мармарини истеҳсоли коргоҳҳои вилоят ороиш ёфтааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.