Театри бесарпарастон 3 сола шуд

  4-уми июли соли равон аз таъсисёбии гурӯҳи театрии худфаолияти «Нигоҳи нав» ё худ «Театри бесарпарастон» 3 сол пур шуд. « Tajikistantimes. tj» бахшида ба ин суносибат ба якчанд суоли худ аз яке аз дастандаркорони ин гурӯҳи худфаолият- Шоҳҷамшед Умарӣ посух гирифт:

— Шоҳҷамшед, ҳамагон хуб огаҳем, ки санаи 4- уми июл аз таъсисёбии «Нигоҳи нав» 4 сол пур шуд. Мо дар ин санаи муҳим аз шумо намоиши ҷолиберо мунтазир будем, аммо чаро ягон намоишномае пешниҳод накардед?

— Аввалан сипосгузорам аз он ки бобати гурӯҳи мо маълумот дореду аз мо ёд мекунед. Баъдан шумо хеле хуб медонед, ки гурӯҳи мо дар чӣ гунна шарту шароит фаъолият дорад. Мо на ягон сарпарасте дорем, ки кумакамон намояд, на ягон мавзеъ барои тамрину намоишгузорӣ. Як муддат дар мавзеи ба иҷора додади театр-студияи «Падида» тамрин мекунем, то он замоне ки пуламон тамом нашавад, пул ки тамом шуд, тамринҳои мо дар кӯчаҳою хонаҳои шахсии аъзоёни гурӯҳ ва ҳатто истгоҳҳо мегузарад. Аммо новобаста аз ҳамаи ин мо кӯшиш мекунем, ки фаъолияти гурӯҳро мунтазам ҳам набошад, сари чанд моҳ лоақал як маротиба давом диҳем. Бобати намоишнома бошад ҳамин қадар мегӯям, ки  мо воқеан ҳам ният доштем, ки маҳз рӯзи 4- уми июл намоишномае гузорем, аммо на вақт ва на шароит ин имкониятро ба мо надо два намоишномаи мо то рӯзи 30- уми июл ба таъхир уфтод.

— Яъне намоишномаи «Тарма» намоиши оддӣ набуда, балки ҷашнӣ аст?

— Агар ин хел ҳам гӯем хато намешавад, чун барои намоиши ин намоишнома мо хеле тамрин намуда, тайёрии ҷиддӣ дидем.

— Даромад барои фақат журналистон озод аст, ё…?

— Даромад ба ҳама озод аст. Мо рӯзи 30-юми июл ҳамаи дӯстдорони театрро ба намоиши «Тарма» даъват мекунем.

— То имрӯз «Нигоҳи нав» чнд намоишномаи худро пешниҳод намуд ва чандтои он соҳиби ҷоиза гардид?

— То имрӯз мо 6 намоишнома: 3-то калон ва 3-то хурдро пешниҳоди тамошобин намудем ва ҷоизаҳои зиёд ҳам дорем:

Беҳтарин оҳанг – Гурӯҳи ҷавонони эҷодкор «Укёнуси панчум» (Ба хотири арҷи эхтиром ба мусиқиҳои Зиёдулло Шаҳидӣ) , Намоиши «Бӯсаҳои зери по» Муаллиф: Мейсам Ҷаводӣ, Дар таҳияи: Аъзоёни гурӯҳ.

Беҳтарин нақши занона – Соро Собир, аз намоиши «Як дурӯғи минималистӣ» Муаллиф ва коргардон: Мейсам Ҷаводӣ.

Бехтарин коргардон-таҳиягар – Мейсам Ҷаводӣ. Намоиши «Як дурӯғи минималистӣ».  Муаллиф ва коргардон: Мейсам Ҷаводӣ

 Соли 2015 дар IV-умин ҶОҶТҶ(Ҷашнвора-Озуни Ҷумҳуриявии Театрии Ҷавонон ГТ — Гурӯҳи Театрӣ) «Нигоҳи нав соҳиби ҷоизаи  «Таваҷҷӯҳи тамошобин» бо таҳияи намоишномаи «Журналист», Муаллиф ва коргардонаш  Мейсам Ҷаводӣ буд, гардид.

— Чанде пеш Далери Эмомалӣ гуфта буд, ки як ҳафтаи дигар мӯҳлат дорем, агар пули иҷораро насупорем боз маҷбурем, ки тамринҳоямонро дар кӯчаю истгоҳҳо гузаронем…

— Барои як моҳи дигар масъала ҳалли худро ёфт…

-Яъне…?

— Яъне, иҷоза дорем, ки то охири моҳ тамрин кунем, аммо ҳоло насупоридем… — ҳамчун қарз аст…

-Аз театру намоишномаҳои имрӯзаи театрӣ чиро интизоред?

 — Ҳамагӣ мехоҳам — театрҳои моро мисли театрҳои Норвеж, тамошочӣ то 1-и шаб тарк накунаду бо хоҳиши худ барои тамошои намоишҳо биёянд.

— Барои ин чӣ намерасад, ба фикри шумо?

— Норасоиҳо хеле зиёданд, аммо фикр мекунам қадами аввал ин намоишномаҳои қонеъкунандаи тамошобин аст. Медонед, муҳим дар куҷо гузоштани намоишнома ва ҳо аз ҷониби кӣ нест… Тарз, услуб, сабки пешниҳодшаванда муҳим аст.

— Бубинед, гурӯҳи шумо тавонист, ки дар як муддати кӯтоҳ вирди забони мардум гардад, аммо ба фикрам боз ҳастанд проблеммаҳое, ки сади роҳи пешравии кори шумо мешаванд…?

— Бале, дуруст қайд кародед. Барои ҳар як гурӯҳ дар дараҷаи аввал имеҷ даркор аст. Дар айни замон барои баланд бардоштани  имиҷи гурӯҳ — сафарҳои хориҷӣ ва иштирок дар ҷашнвораҳои байналмиллалӣ зарур аст. Барои рафъи проблемаҳои мавҷудааш — албатта ҷои тамрини доимӣ…

Албатта ин ҷо наметавон аз дастгирии ВАО ёдовар нашуд, чун  бе дастгирии иттилоотӣ намешавад дар асри 21 бе ин қариб, ки дар ҳама кор кам муваффақ намешавӣ…

— Сарпараст чӣ?

— Сарпараст мушкилӣ №1- и мост,  аммо дар ҳоли ҳозир пайдо кардани ин гуна ашхос хеле душвор аст. Бошанд ҳам 1-2 нафар, ки онҳоро ҳам бояд кофта ёбӣ…»Ана пул, гир !!» — гуфта наздат намеоянд ку…

— Аз намоишномаи «Тарма» чиро интизоред?

— Албатта таваҷуҳи тамошобинро пеш аз ҳама. Бисёр мехоҳам, ки таваҷҷӯҳи мардум ба театр дубора эҳё гарда два актёрон барои қонеъ кардани завқи тамошобинон мисли пешин ҳамаҷиҳата камари ҳиммат банданду бо як завқи тамом, тайёрии ҷиддӣ ба саҳна бароянд.

— Ташаккур барои самимӣ.

— Саломат бошед.

Сӯҳбаторо Фарангиси Фармон

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *