Театри Лоҳутӣ мавсими навро оғоз кард

Театри давлатии академии драмаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ баъди таваққуфи тӯлонӣ бар асари COVID-19, мавсими театрии навро оғоз кард.

Масъулони театр мегӯянд, намоишномаҳо бо риояи қоидаҳо ва чораҳои шадиди беҳдоштӣ ба тамошобинон пешниҳод мешаванд.

Лутфулло Давлатов, директори театр гуфт, ки то имрӯз Вазорати фарҳанг пешниҳоди намоишномаҳоро манъ карда буд, ҳоло барои теъдоди маҳдуди тамошобинон иҷоза додааст.

Пеш аз намоишномаҳо ҳарорати бадани тамошобинонро месанҷанд, онҳоро дар фосилаҳои муқарраркарда мешинонанд ва ҳамчунин истифодаи маҳлулҳои зиддиуфунӣ ва ниқобҳои тиббиро низ ҷиддӣ мегиранд.

Дар назар аст дар мавсими нав намоишномаҳои “Ташвиш”, “Ишқи Ватан”, “Хостгорӣ”, “Диаген” ва “Фирдавсӣ” рӯйи саҳна гузошта шаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *