Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Театри Маяковский вайрон шуд.

Бинои тетари Маяковский имрӯз дар маркази шаҳри Душанбе вайрон карда шуд.

Ин бино дар соои 1938 сохта шуда, дар аввалин маротиб радиои Тоҷикистон барномаҳояшро пахш кард. Дар аввал номи ин театр «Хонаи деҳқон буд ва аввалин Маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе таҳти раҳбарии Чинор Имомов дар ҳамин бино баргузор шуда буд.

Дохили бино, аз ҷумла саҳнаву утоқҳо ва овезаҳояш вайрон карда шудааст. Имрӯз ё пагоҳ девори асосии бино низ вайрон мешавад. Ҳукуматдорон мегӯянд, театри Маяковский бар асоси нақшаи генералии шаҳр вайрон карда, дар ҷояш бинои наву замонавӣ сохта мешавад.

Ҳунармандони ин театр рӯзи 23-юми  июн бо навиштани ҷумлаи «Моро бубахш, ки натавонистам наҷотат диҳем» бо театр худоҳофизӣ карданд.

Ҳунармандони ин театр рӯзи 23 июн гуфтанд, ки тамоми чизу чораи худро ба театри давлатии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ кӯчондаанд ва ҳоло дар онҷо ба тамринашон идома хоҳанд дод. Дар гузашта Вазорати фарҳанги Тоҷикистон пешниҳод карда буд, ки ҳунармандони театри Маяковский ба кинотеатри “Тоҷикистон” дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсии пойтахт бираванд. Аммо ҳунармадони театр гуфтанд, саҳнаву шакли сохти «Тоҷикистон» барои намоишҳои театрӣ мувофиқ нест ва гузашта аз ин роҳаш аз марказ хеле дур асту баъид ба назар мерасад, ки касе барои тамошои намоишномаҳо то онҷо биравад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.