Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Теъдоди мубталоёни каронавирус дар Тоҷикистон ба 128 нафар расид

Бино ба иттилои телевезиони «Тоҷикистон» теъдоди гирфторони коронавирус марзи 100 нафарро убур намуда ба 128 нафар расид.

Ду рӯз қабл тв  “Тоҷикистон”  фавти ду маризи коронавирусро расман тасдиқ карда, сироятёфтагонро 76 нафар гуфта буд.

Чуноне ба назар мерасад давоми як шабонарӯз дар Тоҷикистон 52 ҳолати нави коронавирус сабт гардидааст.

Тибқи гузориши ин телевезион то рӯзи 2 – юми май 2 ҳазору 782 нафар зери назорати табибон қарор доштанд. Дар гузориш таъкид шудааст, ки 217 нафар пас аз гузарондани ташхис дар ҳолати қаноатбахш ба хонаҳо ҷавоб дода шуданд.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.