“Текстил” дар Душанбе меҳмонхонаи боҳашамат месозад

Анвар Қурбонов, соҳибмулки Иттиҳодияи истеҳсолии нассоҷии тоҷик маъруф бо номи “Текстил” дар шаҳри Душанбе як меҳмонхонаи боҳашамат бунёд мекунад.  Ин меҳмонхона дар шафати корхонаи “Текстил” ҷойгир аст.

Дирӯз, 10 октябр Президенти Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт барои бунёди ин меҳмонхонаи замонавӣ бо марказҳои хизматрасонии маишӣ оғоз бахшиданд.

Тавре ки иттилоъ дода мешавад, меҳмонхонаи замонавӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Анвар Қурбонов бунёд карда мешавад.

Тибқи лоиҳа иншооти муосири хизматрасонӣ – сайёҳӣ аз 115 ҳуҷра бо шароити замонавӣ иборат буда, бо имкони қабули 200 нафар дар як вақт бунёд мегардад.

Дар меҳмонхона 2 толори маҷлис, марказҳои хизматрасонӣ – фароғатӣ, толори варзиш, ҳавзи шиноварӣ, қаҳвахона, мағозаи либос ва ғайра барои мизоҷон шароит фароҳам карда мешавад.

Меҳмонхонаи 9-ошёна бо назардошти талаботи байналмилалӣ ва мутобиқ ба меъёрҳои марказҳои хизматрасонии се ситорадор бунёд хоҳад шуд.

Зимни муаррифии лоиҳаи иншоот иттилоъ дода шуд, ки дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар меҳмонхонаи замонавӣ то 100 нафар бо ҷойи кори муваққатӣ ва баъди пурра ба истифода додани он 50 нафар бо шуғли доимӣ ва маоши хуб таъмин хоҳанд гардид.

Инчунин, дар асоси нақша дар оянда аз ҷониби соҳибкор кӯдакистон бо 300 ҷой ва мактаби ибтидоӣ барои 540 нафар сохта мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *